Хатлон: модар 4 фарзанди хурдсолашро буғӣ карда кушт

Asia-Plus

Дар вилояти Хатлон як зани 30-сола 4 нафар фарзандони худро буғӣ карда мекушад ва сипас худаш ба милитсия омада, дар бораи ҷинояти содиркардааш хабар медиҳад.

Ин ҳодисаи фоҷеабор нимаи дуюми рӯзи 9 сентябр дар ҷамоати Ориёни ноҳияи Кӯшониён рух додааст.

“Назокатхон Тоироваи 30-сола рӯзи 9 сентябр тақрибан соатҳои 17:00 бо бераҳмии махсус 4 писари 9, 8, 6-сола ва тифли 1-солаи худро буғӣ карда кушт. Тавре маълум шуд, зан бемории рӯҳӣ доштааст. Ӯ боздошт шуд”, – хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз ВКД Тоҷикистон.

Мақомоти прокуратураи маҳаллӣ ба тафтиши парванда шурӯъ кардааст.

Як манбаъ дар ҷамоати “Ориён” ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки зан аввал дасту пойи кӯдаконро баста, сипас ба сари онҳо бастаҳои селлофанӣ мепӯшонад ва буғӣ мекунад. Баъдан ӯ ихтиёрӣ ба ШВКД шаҳри Бохтар омада, ба кормандони милитсия дар бораи ҷинояти содиркардааш хабар додааст.

Як манбаъ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон иттилоъ дод, ки нисбат ба гумонбаршуда мутобиқи моддаи 104, қисми 2, бандҳои «а», «в», ва «е»-и КҶ ҶТ (Одамкушӣ а) ду шахс ё бештар аз он; в) бараъло ноболиғ ё шахсе, ки дар ҳолати оҷизӣ қарор доштани ӯ барои гунаҳгор аён аст ва е) бо бераҳмии махсус парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Манбаи “Азия-Плюс” қайд кард, ки модари зани гумонбаршуда соли 2005 барои кушитани шавҳари худ ва боз як марди дигар ба 20 сол маҳкум шуда буд.

Ёдрас мекунем, ки нимаи моҳи август зани 30-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ғарми ноҳияи Рашт бо 3 кӯдакаш худро ба дарёи Сурхоб партофт. Ҷасади танҳо як кӯдак дарёфт шуда, ҷустуҷӯи ҷасадҳои зан ва ду фарзанди дигараш – писари 9-сола ва дутари 6-сола идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...