Сироҷидин Муҳриддин ба Путин доир ба афзалиятҳои раёсат дар ШВКХ СҲШ маълумот дод

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳуқуқи ваколати раиси Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲШ (ШВКХ СҲШ) 9 сентябр зимни вохӯрӣ бо президенти Русия Владимир Путин суханронӣ кард. Дар ин бора Раёсати иттилооти ВКХ Тоҷикистон хабар медиҳад. Зимни суханронӣ Муҳриддин қайд кард, ки сарфи назар аз пандемияи коронавирус, дар давраи раёсати имсолаи Русия […]

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳуқуқи ваколати раиси Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲШ (ШВКХ СҲШ) 9 сентябр зимни вохӯрӣ бо президенти Русия Владимир Путин суханронӣ кард. Дар ин бора Раёсати иттилооти ВКХ Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни суханронӣ Муҳриддин қайд кард, ки сарфи назар аз пандемияи коронавирус, дар давраи раёсати имсолаи Русия дар СҲШ ҳамкории мутақобилаи пурсамар дар доираи Созмон таъмин шуд, ки ба ноил гардидан ба натиҷаҳо дар кори амалисозии вазифаҳои аз ҷониби сарони кишварҳои узви СҲШ додашуда дар Бишкек соли 2019 имкон дод.

Сироҷиддин Муҳриддин изҳор намуд, ки ба сифати вазифаҳои аввалиндараҷаи давраи раёсат дар соли 2021, ки ба 20-солагии таъсисёбии СҲШ ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон рост меояд, масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат ва фарҳанг, таҳкими нуфуз ва тақвияти мавқеъгирии байнулмилалии СҲШ, инчунин такмили заминаи шартномавӣ-ҳуқуқӣ ба миён гузошта мешаванд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зикр кард, ки дар бораи дидгоҳ, ҳадаф ва вазифаҳои раёсати Тоҷикистон президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви СҲШ муфассал изҳори назар мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.