Душанбе: ҷаримаи зиёди ронандае, ки идораи мошинро ба духтари ноболиғ дод

Сокини ноҳияи Рӯдаки Умедҷон Ҷайлобови 31-сола дар хиёбони Ҳофизи Шерозии пойтахт идораи автмашинааш – БМВ-ро ба ихтиёри духтари ноболиғе медиҳад, ки ҳуҷҷати ронандагӣ надошт. Бино ба иттилои Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, духтар аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Хонда” бармехӯрад, ки дар канори роҳ истода буд. Пас аз садамаи нақлиёт […]

Сокини ноҳияи Рӯдаки Умедҷон Ҷайлобови 31-сола дар хиёбони Ҳофизи Шерозии пойтахт идораи автмашинааш – БМВ-ро ба ихтиёри духтари ноболиғе медиҳад, ки ҳуҷҷати ронандагӣ надошт.

Бино ба иттилои Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, духтар аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Хонда” бармехӯрад, ки дар канори роҳ истода буд.

Пас аз садамаи нақлиёт Ҷайлобов идораи мошинро ба ихтиёри худ гирифта, бо духтар аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд.

Соҳибмулки автомашинаи мазкур ва ҷавонзани ронанда дастгир ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуданд.

Нисбат ба ронандаи автомашинаи тамғаи БМВ ва духтари ноблиғ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ боз шудааст.

Гуфта мешавад, ба ронанда дар ҳаҷми 11 ҳазор сомонӣ ва ҳамсафари ӯ – духтари ноболиғ – 17 ҳазор ҷарима таҳдид мекунад.

Ҳамзамон духтари ноболиғ ҷиҳати таъмири автомашинаи ҷабрдида вазифадор карда шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.