Гуфтушуниди вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон дар Маскав

Дар Маскав рӯзи 9 сентябр вохӯрии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Чингиз Айдарбеков баргузор шуд. Бино ба иттилои ВКХ Тоҷикистон, зимни мулоқот ҷонибҳо маҷмӯи масоили муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ карда, атрофи масъалаҳои роҳу воситаҳои густариши минбаъдаи ҳамкориҳо бар асоси муносибатҳои дӯсти ва ҳамҷавории бисёрсола табодули назар намуданд. Вазирон инчунин масъалаҳои […]

Дар Маскав рӯзи 9 сентябр вохӯрии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Чингиз Айдарбеков баргузор шуд.

Бино ба иттилои ВКХ Тоҷикистон, зимни мулоқот ҷонибҳо маҷмӯи масоили муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ карда, атрофи масъалаҳои роҳу воситаҳои густариши минбаъдаи ҳамкориҳо бар асоси муносибатҳои дӯсти ва ҳамҷавории бисёрсола табодули назар намуданд.

Вазирон инчунин масъалаҳои марбут ба таъйин ва аломатгузорӣ дар сарҳади давлатии байни кишварҳоро баррасӣ карданд.

Ҳамчунин дар Маскав дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲШ Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Покистон Шоҳ Маҳмуд Курешӣ гуфтушунид кард.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо аз сатҳи ҳамкориҳи сиёсӣ изҳори қаноатмандӣ карда, самтҳои ояндадори ҳамкориҳоро дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ намуданд.

Вазирон натиҷаҳои ҷаласаи Шӯрои кории муштаракро баррасӣ намуда, дар тақвият бахшидан ба истифодаи имконоти мавҷуда бо мақсади афзоиши савдои дуҷониба созиш ҳосил карданд.

Зимни вохӯрӣ вазирон ба масъалаи саривақт амалисозии лоиҳаи CASA-1000 таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.

Дар Маскав Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Субраманям Ҷайшанкар низ мулоқт карда, дар он вазъи кунунӣ ва рушди минбаъдаи муносибатҳои бисёрҷабҳаи кишварҳо дар соҳаҳои сиёсату тиҷорат, иқтисоду фарҳанг ва ҳамкории ҳарбӣ-техникӣ баррасӣ шуд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ба ҷониби Ҳиндустон барои кумаки башардӯстона ба Тоҷикистон дар мубориза бо паҳншавии сирояти коронавируси нав изҳори миннатдорӣ шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.