Сарвазирони Тоҷикистону Ӯзбекистон масоили боз кардани сарҳадҳоро баррасӣ мекунанд

Дар Душанбе рӯзҳои 28-29 сентябр баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба масоили ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ дар назар аст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон хабар дод. Ҳамраисони Комиссияи байниҳукуматӣ сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва ҳамтои ӯзбеки ӯ Абдулло Орипов мебошанд. Ҷонибҳо масъалаҳои боз намудани […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар Душанбе рӯзҳои 28-29 сентябр баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба масоили ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ дар назар аст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон хабар дод.

Ҳамраисони Комиссияи байниҳукуматӣ сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва ҳамтои ӯзбеки ӯ Абдулло Орипов мебошанд.

Ҷонибҳо масъалаҳои боз намудани сарҳад ва барқарор кардани алоқаи ҳавоӣ байни давлатҳоро, ки бар асари пандемияи сирояти коронавирус нимаи моҳи март баста шуда буд, мувофиқа мекунанд.

Дар ҷаласа ҷонибҳо ният доранд, ки масоили марбут ба густариши савдои дуҷониба, лоиҳаҳои сармоягузории муштарак, тавсеъаи робитаҳо дар бахшҳои нақлиёту коммуникатсия, муносибатҳо байни минтақаҳоро баррасӣ намоянд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа масъалаи ҳаҷми интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон, гази табиӣ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ва нархи онҳо дар соли оянда низ мувофиқа мешаванд.

Соли гузашта аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон бо нархи 2 сенти амрикоӣ барои 1 киловатт 1 млрд 425,1 млн кВт/соат неруи барқ интиқол дода шуд. Маблағи умумии содироти барқ аз Тоҷикистон ба ҳамсоякишвар 28,5 млн долларро ташкил дод.

Соли 2019 Тоҷикистон аз Ӯзбекистон ба маблағи 17,7 млн доллар 140 млн метри мукааб гази табиӣ харид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.