Анҷоми марҳилаи аввали Лигаи касбии футзали Тоҷикистон

Дар бозии ниҳоии марҳилаи дуюм “Сипар”-и Хуҷанд тими “Равшан”-и Кӯлобро бо ҳисоби калони 19:3 мағлуб кард. Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, “Сипар” ва “Соро компания”-и Душанбе, ки аз рӯйи натиҷаҳои марҳилаи якум зинаҳои аввалро ишғол намуданд, ба даври нимфиналӣ роҳ ёфта, акнун ҳарифони худро дар ин марҳила интизор мешаванд. Ҷуфтҳои чорякфиналӣ иборатанд аз: “Муҳоҷир” […]

Дар бозии ниҳоии марҳилаи дуюм “Сипар”-и Хуҷанд тими “Равшан”-и Кӯлобро бо ҳисоби калони 19:3 мағлуб кард.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, “Сипар” ва “Соро компания”-и Душанбе, ки аз рӯйи натиҷаҳои марҳилаи якум зинаҳои аввалро ишғол намуданд, ба даври нимфиналӣ роҳ ёфта, акнун ҳарифони худро дар ин марҳила интизор мешаванд.

Ҷуфтҳои чорякфиналӣ иборатанд аз: “Муҳоҷир” – “Самандар” ва “Истаравшан” – “Равшан”. Бозиҳои даври чорякфиналӣ аз силсилаи то ду ғалаба иборатанд.

Ғолибони вохӯриҳои чорякфиналӣ ба даври нимфиналӣ роҳ ёфта, бо “Сипар” ва “Соро компания” вомехӯранд, ки ду бозии аввалро дар майдонашон мегузаронанд.

Ғолибони даври нимфиналӣ дар вохӯрии финалӣ ва дастаҳои шикастхӯрда барои ҷойи сеюм бозӣ мекунанд.

Мувофиқи регламенти чемпионат, вохӯрии финалӣ ва бозӣ барои ишғоли ҷойи сеюм аз бозиҳо то се ғалаба иборатанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.