Рашт: зан бо се фарзандаш худро ба дарёи Сурхоб партофт

Зани 30-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ғарми ноҳияи Рашт бо се фарзандаш худро ба дарёи Сурхоб партофт. Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ хабар дод, ин ҳодисаи фоҷеабор нимаи рӯзи 16 август рух додааст. Наҷотбахшони Кумита дар минтақаи навоҳии Рашт ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуда, таъҷилан ба ҷустуҷӯи ҷасадҳо оғоз карданд. […]

Asia-Plus

Зани 30-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ғарми ноҳияи Рашт бо се фарзандаш худро ба дарёи Сурхоб партофт.

Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ хабар дод, ин ҳодисаи фоҷеабор нимаи рӯзи 16 август рух додааст.

Наҷотбахшони Кумита дар минтақаи навоҳии Рашт ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуда, таъҷилан ба ҷустуҷӯи ҷасадҳо оғоз карданд.

“Шаш километр поинтар аз ҷойи ҳодиса, дар қаламрави деҳаи Новдонаки ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурх ҷасади духтарчаи 3-сола дарёфт шуд”, – иттилоъ дод Юсуфӣ.

Ба гуфтаи ӯ, ҷустуҷӯи ҷасади зан ва ду кӯдаки дигари ӯ – писари 9-сола ва духтарчаи 6-солааш идома дорад.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба таҳқиқи ин ҳодиса машғуланд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.