Милитсияи пойтахт тарзи қаллобии дуздии пул аз истифодаи барқро ошкор кард

Asia-Plus

Дар Душанбе фаъолияти шабакаи қаллобие ошкор шуд, ки ба дуздии пули барои истифодаи барқ пардохтшуда машғул буданд.

Тавре дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар як гузориши махсуси видеоӣ хабар медиҳад, ба ин гурӯҳ беш аз 20 нафар шомил будаанд.

Ин гурӯҳро кафшергари силкии Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон Маҳмадӣ Азизов ташкил карда, дар компютери хонагии худ барномаи махсуси хакерӣ (рахнакунӣ)-ро насб мекунад ва тариқи он дар ҳисобкунакҳои сокинони шаҳри Душанбе нишондиҳандаҳои истифода барқро кам мекардааст.

Гуфта мешавад, ба ин кор ӯ кафшергари дигари Хадамоти алоқа Тоҷиддин Собировро, ки нақши миёнаравро ба уҳда гирифта буд, инчунин нозирони шабакаҳои барқи пойтахтро ҷалб мекунад. Онҳо ба мизоҷон – истеъмолгарони барқ маслиҳат карда, ба ивази пул ҳисобкунакҳои барқии худро тариқи Собиров ба Азизов медоданд ва ӯ нишондиҳандаҳои онҳоро паст мекард. Ин пулҳои дуздидаро қаллобон байни худ тақсим мекарданд.

Тибқи фарзияи тафтишот, онҳо аз моҳи декабри соли 2017 то моҳи августи соли 2020 ба Собиров ва Азизов барои паст кардани нишондиҳанаҳои истифодаи барқ зиёда аз 130 адад ҳисобкунакҳои барқӣ додаанд.

Айни замон Маҳмадӣ Азизов ва Тоҷиддин Собиров дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, ҷиҳати муайян намудани зарари ба буҷети давлат расонидашуда ва нафарони дигари дар содир намудани ин ҷиноят дастдошта, чорабиниҳои дахлдори оперативӣ-тафтишотӣ ҷараён дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...