Милитсияи пойтахт тарзи қаллобии дуздии пул аз истифодаи барқро ошкор кард

Дар Душанбе фаъолияти шабакаи қаллобие ошкор шуд, ки ба дуздии пули барои истифодаи барқ пардохтшуда машғул буданд. Тавре дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар як гузориши махсуси видеоӣ хабар медиҳад, ба ин гурӯҳ беш аз 20 нафар шомил будаанд. Ин гурӯҳро кафшергари силкии Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон Маҳмадӣ Азизов ташкил карда, дар […]

Asia-Plus

Дар Душанбе фаъолияти шабакаи қаллобие ошкор шуд, ки ба дуздии пули барои истифодаи барқ пардохтшуда машғул буданд.

Тавре дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар як гузориши махсуси видеоӣ хабар медиҳад, ба ин гурӯҳ беш аз 20 нафар шомил будаанд.

Ин гурӯҳро кафшергари силкии Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон Маҳмадӣ Азизов ташкил карда, дар компютери хонагии худ барномаи махсуси хакерӣ (рахнакунӣ)-ро насб мекунад ва тариқи он дар ҳисобкунакҳои сокинони шаҳри Душанбе нишондиҳандаҳои истифода барқро кам мекардааст.

Гуфта мешавад, ба ин кор ӯ кафшергари дигари Хадамоти алоқа Тоҷиддин Собировро, ки нақши миёнаравро ба уҳда гирифта буд, инчунин нозирони шабакаҳои барқи пойтахтро ҷалб мекунад. Онҳо ба мизоҷон – истеъмолгарони барқ маслиҳат карда, ба ивази пул ҳисобкунакҳои барқии худро тариқи Собиров ба Азизов медоданд ва ӯ нишондиҳандаҳои онҳоро паст мекард. Ин пулҳои дуздидаро қаллобон байни худ тақсим мекарданд.

Тибқи фарзияи тафтишот, онҳо аз моҳи декабри соли 2017 то моҳи августи соли 2020 ба Собиров ва Азизов барои паст кардани нишондиҳанаҳои истифодаи барқ зиёда аз 130 адад ҳисобкунакҳои барқӣ додаанд.

Айни замон Маҳмадӣ Азизов ва Тоҷиддин Собиров дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, ҷиҳати муайян намудани зарари ба буҷети давлат расонидашуда ва нафарони дигари дар содир намудани ин ҷиноят дастдошта, чорабиниҳои дахлдори оперативӣ-тафтишотӣ ҷараён дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.