Эмомалӣ Раҳмон дар Мастчоҳ варзишгоҳ бо 10 ҳазор ҷойи нишастро ба истифода медиҳад

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари корӣ ба вилояти Суғд имрӯз, 14 сентябр ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф овард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Пешвои миллат нахуст дар шаҳраки Суғдиён корхонаи чӯҷабарории ширкати “Суғдиён-Свердловск”-ро ба истифода дод. Бо ифтитоҳи корхонаи мазкур 100 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин […]

Аваз Юлдошев

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари корӣ ба вилояти Суғд имрӯз, 14 сентябр ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф овард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Пешвои миллат нахуст дар шаҳраки Суғдиён корхонаи чӯҷабарории ширкати “Суғдиён-Свердловск”-ро ба истифода дод. Бо ифтитоҳи корхонаи мазкур 100 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд. Иқтидори корхона дар самти барориши чӯҷа ба 2 млн 970 ҳазор сар баробар аст ва имкон дорад, ки талаботи дигар корхонаҳои парандапарвариро ба чӯҷаи якрӯза таъмин намояд.

Дар идома Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Ганҷобод Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 42-ро ифтитоҳ кард. Мактаби мазкур барои 1200 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, аз 3 ошёна ва таҳхона, 24 синфхонаи барҳавои таълимӣ, озмоишгоҳҳои таълимии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурӣ, синфхонаи компютерӣ, китобхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат аст.

Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар ноҳияи Мастичоҳ дар маросими ба истифода додани бузургтарин Қасри фарҳанг дар кившар бо 1 ҳазор ҷойи нишаст ва варзишгоҳ бо 10 ҳазор ҷойи нишаст иҳтирок хоҳад кард.

Сарвари давлат зимни ин сафар дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани наздики 30 иншооти нави таъиноти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ иштирок карда, бо фаъолони ноҳия вомехӯрад ва бо дастовардҳои соҳаҳои саноату бахши кишоварзӣ шинос мешавад.

Қобили зикр аст, ки Қасри фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ барои 1 ҳазор ҷойи нишаст бо харҷи беш аз 30 млн сомонӣ ва Варзишгоҳи марказӣ бо 10 ҳазор ҷойи нишаст бо харҷи 11 млн сомонӣ сохта шудааст.

видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.