Эмомалӣ Раҳмон сарвазири тозаинтихоби Ҷопонро табрик кард

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сарвазири тозаинтихоби Ҷопон Ёсихидэ Суга ба муносибати интихоб гардиданаш ба ҳайси сарвазири ин кишвар барқияи табрикӣ ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар арқия изҳори итминон шуд, ки таҷрибаи ғанӣ ва малакаи касбӣ ба сарвазири тозаинтихоб дар амалӣ намудани ин вазифаи сермасъул мусоидат хоҳанд кард.

Зикр шуд, ки Тоҷикистон ба густариши муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманд бо яке аз кишварҳои мутараққии Осиё – Ҷопон ҳавасманд мемонад ва аз сатҳи имрӯзаи ҳамёрии васеъ бо ин кишвар қаноатмандӣ буда, ба дурнамои он дар бахшҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн назари некбинона дорад.

“Бовар дорам, ки мо дар давраи фаъолияти Шумо дар ин маснади олӣ, бо саъю эҳтимоми муштарак, равобити гуногунҷанбаи байни давлатҳоямонро ба сатҳи сифатан нав бардошта, мазмуну мундариҷаи онҳоро боз ҳам ғанитар хоҳем гардонид, – омадааст дар барқия. – Ба ин манзур мо омодаем, ки тамосҳои анъанавии сатҳи олии байни Тоҷикистон ва Ҷопонро идомаи судманд бахшем”.

Дар фарҷом ба Ёсихидэ Суга саломатии комилу дар амри татбиқи нақшаю барномаҳо ҷиҳати пешрафти кишвараш комёбиҳои рузафзун ва ба мардуми дӯсти Ҷопон сулҳу субот ва саодату шукуфоӣ таманно карда шуд.

Дар Ҷопон бори нахуст тайи қариб 8 сол роҳбари ҳукумат иваз шуд. Палатаи поёнии парлумон рӯзи 16 сентябр Ёсихидэ Сугаи 71-соларо сарвазири кишвар интихоб кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...