“Истиқлол” пеш аз муҳлат унвони чемпиониро соҳиб шуд

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе се давр пеш аз анҷоми мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон дар мавсими соли 2020 бори нуҳум ба дарёфти унвони чемпионӣ ноил гардид.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, “Истиқлол” қаблан солҳои 2010, 2011, 2014, 2015, 2016, 2017, 2018 ва 2019 ба ин унвон соҳиб шуда буд.

Дар даври 16-уми мусобиқа “Истиқлол” дар меҳмонӣ бозиро бо “Хатлон”-и Бохтар мусовӣ – 1:1 анҷом дода, дар вохӯрии дигар “Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ дар майдони худ “Хуҷанд”-ро бо ҳисоби 2:1 мағлуб кард.

Ба ин тариқ, се давр пеш аз анҷоми мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон “Истиқлол” аз дастаи зинаи дуюм – “Хуҷанд” 12 имтиёз бештар дорад, ки унвони чемпиониро барояш таъмин мекунад. Зинаи сеюмро бо 24 имтиёз дастаи “Хатлон” ишғол мекунад.

Бозиҳои даври 17-уми мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27 сентябр баргузор мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...