“Истиқлол” пеш аз муҳлат унвони чемпиониро соҳиб шуд

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе се давр пеш аз анҷоми мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон дар мавсими соли 2020 бори нуҳум ба дарёфти унвони чемпионӣ ноил гардид. Бино ба иттилои Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, “Истиқлол” қаблан солҳои 2010, 2011, 2014, 2015, 2016, 2017, 2018 ва 2019 ба ин унвон соҳиб шуда буд. Дар даври 16-уми мусобиқа “Истиқлол” дар […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе се давр пеш аз анҷоми мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон дар мавсими соли 2020 бори нуҳум ба дарёфти унвони чемпионӣ ноил гардид.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, “Истиқлол” қаблан солҳои 2010, 2011, 2014, 2015, 2016, 2017, 2018 ва 2019 ба ин унвон соҳиб шуда буд.

Дар даври 16-уми мусобиқа “Истиқлол” дар меҳмонӣ бозиро бо “Хатлон”-и Бохтар мусовӣ – 1:1 анҷом дода, дар вохӯрии дигар “Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ дар майдони худ “Хуҷанд”-ро бо ҳисоби 2:1 мағлуб кард.

Ба ин тариқ, се давр пеш аз анҷоми мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон “Истиқлол” аз дастаи зинаи дуюм – “Хуҷанд” 12 имтиёз бештар дорад, ки унвони чемпиониро барояш таъмин мекунад. Зинаи сеюмро бо 24 имтиёз дастаи “Хатлон” ишғол мекунад.

Бозиҳои даври 17-уми мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27 сентябр баргузор мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.