Коронавирус дар Тоҷикистон: рӯзҳои истироҳат шумори сироятёфтагон 87 нафар афзуд

То субҳи 21 сентябр шумори умумии сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон ба 9 ҳазору 346 нафар расид, хабар медиҳад Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ. Дар рӯзҳои истироҳати гузашта шумори сироятёфтагон 87 нафар зиёд шуд. Гуфта мешавад, дар як шабонарӯзи охир 115 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 42 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода […]

Asia-Plus

То субҳи 21 сентябр шумори умумии сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон ба 9 ҳазору 346 нафар расид, хабар медиҳад Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ.

Дар рӯзҳои истироҳати гузашта шумори сироятёфтагон 87 нафар зиёд шуд.

Гуфта мешавад, дар як шабонарӯзи охир 115 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 42 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Ҳамзамон, дар мамлакат  8 ҳазору 108  (86,7%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 73  нафар фавтидаанд.

Тибқи маълумоти Донигоҳи Ҷон Хопкинс, теъдоди сироятёфтагон аз СOVID-19 дар саросари дунё то субҳи 21 сентябр зиёда аз 30,9 млн нафарро ташкил дода, 959,2 ҳазор нафар бар асари ин беморӣ фавтиданд.

Дар мусоҳиба ба Радиои Озодӣ намояндаи доимии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Бахтигул Карриева изҳор дошт, ки “тайи ҳафтаҳои охир гирифторӣ ба бемории илтиҳоби шуш ва ҳолатҳои тасдиқшудаи сироятёбӣ аз СOVID-19 дар Тоҷикистон каме зиёд шудааст”.

“…Сирояти COVID-19 ҳанӯз дар кишвар иттифоқ меуфтад ва идомаи чораҳо барои пешгирӣ аз густариши бемории ҳамагир муҳим аст, то аз шахсони осебпазир ва низоми беҳдоштӣ муҳофизат шавад”, – қайд кард ӯ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.