Агрегатҳои НБО “Сарбанд” ва боғи фарҳанг: идомаи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Хатлон

Asia-Plus

Дар ҷараёни сафари корӣ ба вилояти Хатлон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 22 сентябр дар шаҳри Левакант аз Нерӯгоҳи барқи обии “Сарбанд” боздид намуда, ду агрегати ин нерӯгоҳро ба кор даровард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, агрегатҳои рақами 2-и неругоҳ бо тавоноии 39 МВт ва агрегати рақами 6 бо тавоноии 49 МВт ба истифода дода шуд. Иқтидори лоиҳавии НБО “Сарбанд” 240 МВт-ро ташкил дода, он 5-умин нерӯгоҳ аз лиҳози иқтидор ба ҳисоб меравад. Солҳои 2010-2012 агрегати 4-уми нерӯгоҳ бо тавоноии 45 МВт пурра таҷдиду азнавсозӣ гардид.

Сохтмони нерӯгоҳи мазкур соли 1956 оғоз гардида, аввалин агрегати он соли 1962 ба кор дароварда шудааст. Бинобар сабаби истифодабарии тӯлонӣ, қисми зиёди таҷҳизоти электромеханикӣ ва гидромеханикии нерӯгоҳ ва дастгоҳҳои тақсимкунандаи кушодаи он фарсуда шуда буданд. Ҳамчунин, бо сабаби аз кор мондани системаи назорат ва танзими баландшавии об, солҳои 1993 ва1994 агрегати 2-юм қисман зери об монда буд. Агрегатҳои нерӯгоҳ куҳна буда, қисмҳои эҳтиётии онҳо аз истеҳсолот баромада буданд.

Ҳукумати Тоҷикистон барои пурра барқарор намудани ин иншоот соли 2011 бо Бонки Рушди Осиё созишномаи грантиро ба маблағи 136 млн доллар ба имзо расонид. Анҷоми пурраи корҳои таҷдиду навсозӣ дар неругоҳ тобистони солии 2021 дар назар аст.

Дар идомаи сафар президенти мамлакат дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Левакант Парчами давлатиро барафрохт. Баландии сутунпояи парчам 41 метр, паҳноии матои он – 6 метр ва дарозиаш – 12 метрро ташкил медиҳад.

Сипас Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Бохтар ташриф оварда, дар маҳаллаи Борбад бинои тарабхонаи “Эҳсон”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Тарабхона аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Даврон Мирзозода сохта шудааст. Дар ҳамин ҷо сарвари давлат ба 144 кӯдакони ятим туҳфаҳо тақдим кард.

Дар шаҳри Бохтар президент бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

… Муассисаи ғайридавлатии таълимии Коллеҷи тиббиро ифтитоҳ намуд. Коллеҷ дар заминаи Маркази ташхисӣ-табобатии “Даво” аз ҷониби соҳибкор Амирулло Асадулло сохта шудааст.

Дар кӯчаи ба номи Садриддин Айнии шаҳри Бохтар сарвари давлат бинои 12-ошёнаи истиқоматиро ба истифода дод.

Нимаи дуюми рӯзи 22 сентябр президенти кишвар дар маркази шаҳри Бохтар гулгашти “70-солагии азхудкунии Водии Вахш” ва Нишони давлатиро ифтитоҳ кард. Нишони давлатӣ бо баландии 30 метр ва худи нишон ба андозаи 2,6 метр бо санги хоро оро ёфтааст.

Пас аз ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолону сокинони шаҳри Бохтар мулоқоти судманд доир кард.

Аксҳо аз хадамоти матбуоти президенти ҶТ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...