Вакили парлумон: “Дар раванди таблиғоти интихоботӣ барои ҳизбҳои сиёсӣ ҳеҷ монеае вуҷуд надорад”

Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода бо мудири шуъбаи мониторинги интихоботии Асамблеяи байнипарлумонии кишварҳои ИДМ Юлия Анисимова ва ташхисгари ин созмон Станислав Ткаченко дидору гуфтушунид кард. Бино ба иттилои дафтари матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, дар мулоқот вобаста ба масоили интихоботи президенти Тоҷикистон, равандҳои интихоботӣ, имкониятҳои аҳзоби […]

Asia-Plus

Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода бо мудири шуъбаи мониторинги интихоботии Асамблеяи байнипарлумонии кишварҳои ИДМ Юлия Анисимова ва ташхисгари ин созмон Станислав Ткаченко дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, дар мулоқот вобаста ба масоили интихоботи президенти Тоҷикистон, равандҳои интихоботӣ, имкониятҳои аҳзоби сиёсӣ, нақшаву барномаҳои номзадҳо, мавқеъи аҳзоб доир вазъияти иқтисодию иҷтимоии мамлакат ва муносибатҳои байналмилаллӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

“Имконоти васоити ахбори омма ба таври шаффофу баробар дар ихтиёри номзадҳо қарор дошта, ҳеҷ монеае барои ҳизбҳои сиёсӣ дар раванди таблиғоти интихоботӣ вуҷуд надорад», – изҳор дошт Саидмурод Фаттоҳзода.

Гуфта мешавад, Юлия Анисимова ва Станислав Ткаченко ҳамзамон бо номзадҳои интихоботи президенти Рустам Қудратов ва Латифзода Рустам мулоқот намуданд.

Зикр мегардад, ки дар мулоқот намояндаи Мачлиси Олӣ дар Ассамблеяи Байнипарлумонии ИДМ ва муовини котиби генералии Ассамблеяи Байнипарлумонии ИДМ Бахтовар Сафарзода иштирок ва суханронӣ намуд.

Интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон 11 октябр баргузор мешавад. КМИР ҶТ 5 номзадро расман ба қайд гирифт: аз Федератсия иттифоқҳои касабаи мустақил, Иттифоқи ҷавонон ва Ҳизби халқии демократӣ Эмомалӣ Раҳмон; аз Ҳизби аграрӣ – Рустам Латифзода; аз Ҳизби сотсиалистӣ – Абдуҳалим Ғаффорзода; аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ – Рустам Раҳматзода ва аз Ҳизби коммунист – Мироҷ Абдуллоев номзад ба мансаби президентӣ пешбарӣ шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.