“Равшан” ба даври финалии Parimatch – Ҷоми футболи Тоҷикистон-2020 роҳ ёфт

Date:

Дастаи футболи “Равшан”-и Кӯлоб дар бозии нимфиналии Parimatch – Ҷоми футболи Тоҷикистон тими “Регар-ТадАз”-и шаҳри Турсунзодаро бо ҳисоби 1 бар 0 шикаст дода, ба даври финалӣ роҳ ёфт.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, тӯби ягонаро ба дарвозаи “Регар-ТадАЗ” дар дақиаи 51-ум Абдураҳмон Нозимов ба самар расонид.

Тими “Равшан” дар мусобиқаи Лигаи якуми футболи Тоҷикистон ҳунарнамоӣ карда, ҳарифаш дар бозии финалӣ имрӯз аз рӯйи натиҷаи вохӯрӣ байни дастаҳои “Хатлон” (Бохтар) – “Истаравшан” (Истаравшан) муайян мешавад.

Дар маълумоти ФФТ таъкид мешавад, ки бори нахуст дар таърихи ин мусобиқа дастаи лигаи якум ба даври финалӣ роҳхат гирифт.

Ёдрас мекунем, ки қаблан дар давраи чаҳорякфиналии мусобиқа “Равшан” бо ҳисоби 4:2 тими “Истиқлол”-и Душанберо шикаст дод. Дар натиҷа “Истиқлол” бори нахуст дар таърихи худ дар даври чаҳорякфиналӣ аз идомаи мусобиқа маҳрум шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...