Лаҳистон: ихроҷи 5 шаҳрванди Тоҷикистон бо гумони робита бо ДИИШ

Дар Лаҳистон 5 шаҳрванди Тоҷикистонро бо гумони робита бо гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” (Тоҷикистон ин гурӯҳро террористӣ эътироф кардааст), мағзшӯйии лаҳистониҳову укроиниҳо ва қасди анҷом додани амалиёти террористӣ дар қаламрави Лаҳистон, ихроҷ кардаанд. Дар ин бора Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ дар такя бо Radio Poland хабар медиҳад. То кунун шахсияти ин шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ихроҷ карда шудаанд, барои расонаҳо […]

Asia-Plus

Дар Лаҳистон 5 шаҳрванди Тоҷикистонро бо гумони робита бо гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” (Тоҷикистон ин гурӯҳро террористӣ эътироф кардааст), мағзшӯйии лаҳистониҳову укроиниҳо ва қасди анҷом додани амалиёти террористӣ дар қаламрави Лаҳистон, ихроҷ кардаанд. Дар ин бора Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ дар такя бо Radio Poland хабар медиҳад.

То кунун шахсияти ин шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ихроҷ карда шудаанд, барои расонаҳо ошкор карда нашудааст. ВКД Тоҷикистон мегӯяд, то кунун ба онҳо дар ин замина иттилое нарасидаст ва шахсияти ин шаҳрвандон барои ҷониби Тоҷикистон ҳанӯз маълум нест.  Вале дар моҳи майи имсол 4 шаҳрванди Тоҷикистон дар ин кишвар боздошт шуда буданд. Он замон дар хабарҳо гуфта мешуд, ки нафари панҷуми ин гурӯҳ дар натиҷаи ҳамкории хадамоти байналмилалии зиддитеррористӣ дастгир карда шуд, ки моҳи декабри 2019 аз Лаҳистон фирор карда буд. 

Ба навиштаи Ожонси амнияти дохилии Лаҳистон, ӯ қасд доштааст, ки ба Сурия биравад ва дар ҷиҳод ширкат кунад, то бо аъзои гурӯҳи террористии “Ал-Қоида” тамос барқарор кунанд.

Гуфта мешавад, ки баъди ихроҷ вуруди ин шаҳрвандони Тоҷикистон ба Лаҳистон ва кишварҳои дигари қаламрави Шенген мамнӯъ мебошад.

Ин бори аввал нест, ки дар Аврупо шаҳрвандони Тоҷикистон ба гумони робита доштан ба гурӯҳҳои террористӣ гунаҳкор дониста мешаванд.

4 август Албания шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистон Комрон Зуҳуровро ба Олмон интиқол дод, ки барои узвият дар ДИИШ ва омодагӣ барои амалиёти террористӣ гунаҳкор мешуд.  Додситонии ин кишвар гуфта буд, ки Зуҳуров мехост ба қароргоҳи неруҳои амрикоӣ дар Олмон ҳамла кунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.