Анҷоми ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Душанбе

Asia-Plus

Дар шаҳри Душанбе рӯзи 29 сентябр ҷаласаи 7-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баргузор гардид. Ба ҷуз маълумоти умумӣ, дар бораи ҷузъиёти масоили дар он матраҳшуда хабар дода намешавад.

Бино ба иттилои АМИТ “Ховар”, дар кори ҷаласа ҳайати Тоҷикистон таҳти раёсати сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва ҳайати Ӯзбекистон таҳти раёсати сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов иштирок доштанд.

“Дар ҷаласа масъалаҳои муҳими дуҷонибаву бисёрҷониба мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, барои тақвият бахшидани ҳамгироӣ байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон нақшаҳои мушаххас пешниҳод гардиданд”, – қайд мешавад дар маълумоти Агентӣ.

Гуфта мешавад, гардиши савдо байни давлатҳо 30 баробар афзуда, 12 млн доллари соли 2015 ба 362 млн доллар дар соли 2019 расид. Дар шаш моҳи соли 2020 ҳаҷми гардиши савдо бо Ӯзбекистон зиёда аз 217 миллион долларро ташкил медиҳад. Гардиши савдо бо Ӯзбекистон дар ҳаҷми умумии савдои Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ зиёда аз 7 дарсадро ташкил медиҳад.

“Аснои баргузории ҷаласа ҷонибҳо ба рушди ҳамкориҳои судманд дар соҳаҳои роҳу нақлиёт, саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ, маориф ва илм, тандурустӣ, тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, гумрук, содирот ва фарҳанг таваҷҷуҳ зоҳир намуданд”, – қайд мешавад дар хабар.

Зикр мегардад, ки ҷаласаи 7-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ дар сатҳи баланд доир гашта, дар охири кори ҷаласа ҷонибҳо аз натиҷаи ҷаласаи 7-уми Комиссия қарорҳои зарурӣ ба имзо расониданд.

Интизорӣ мерафт, ки дар ҷаласа ҷонибҳо масоили ифтитоҳи сарҳад ва барқарор намудани алоқаи ҳавоӣ байни давлатҳоро баррасӣ мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...