Анҷоми ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Душанбе

Дар шаҳри Душанбе рӯзи 29 сентябр ҷаласаи 7-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баргузор гардид. Ба ҷуз маълумоти умумӣ, дар бораи ҷузъиёти масоили дар он матраҳшуда хабар дода намешавад. Бино ба иттилои АМИТ “Ховар”, дар кори ҷаласа ҳайати Тоҷикистон таҳти раёсати сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва ҳайати Ӯзбекистон таҳти раёсати […]

Дар шаҳри Душанбе рӯзи 29 сентябр ҷаласаи 7-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баргузор гардид. Ба ҷуз маълумоти умумӣ, дар бораи ҷузъиёти масоили дар он матраҳшуда хабар дода намешавад.

Бино ба иттилои АМИТ “Ховар”, дар кори ҷаласа ҳайати Тоҷикистон таҳти раёсати сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва ҳайати Ӯзбекистон таҳти раёсати сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов иштирок доштанд.

“Дар ҷаласа масъалаҳои муҳими дуҷонибаву бисёрҷониба мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, барои тақвият бахшидани ҳамгироӣ байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон нақшаҳои мушаххас пешниҳод гардиданд”, – қайд мешавад дар маълумоти Агентӣ.

Гуфта мешавад, гардиши савдо байни давлатҳо 30 баробар афзуда, 12 млн доллари соли 2015 ба 362 млн доллар дар соли 2019 расид. Дар шаш моҳи соли 2020 ҳаҷми гардиши савдо бо Ӯзбекистон зиёда аз 217 миллион долларро ташкил медиҳад. Гардиши савдо бо Ӯзбекистон дар ҳаҷми умумии савдои Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ зиёда аз 7 дарсадро ташкил медиҳад.

“Аснои баргузории ҷаласа ҷонибҳо ба рушди ҳамкориҳои судманд дар соҳаҳои роҳу нақлиёт, саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ, маориф ва илм, тандурустӣ, тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, гумрук, содирот ва фарҳанг таваҷҷуҳ зоҳир намуданд”, – қайд мешавад дар хабар.

Зикр мегардад, ки ҷаласаи 7-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ дар сатҳи баланд доир гашта, дар охири кори ҷаласа ҷонибҳо аз натиҷаи ҷаласаи 7-уми Комиссия қарорҳои зарурӣ ба имзо расониданд.

Интизорӣ мерафт, ки дар ҷаласа ҷонибҳо масоили ифтитоҳи сарҳад ва барқарор намудани алоқаи ҳавоӣ байни давлатҳоро баррасӣ мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.