Президент ба марзбонон хона дод

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ 29 сентябр аз се ноҳияи пойтахт боздид намуда, як қатор иншооти таъиноти гуногунро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ноҳияи Шоҳмансур бинои баландошёнаи истиқоматӣ мавриди истифода қарор гирифт. Иншооти нав аз 19 ошёна […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ 29 сентябр аз се ноҳияи пойтахт боздид намуда, як қатор иншооти таъиноти гуногунро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ноҳияи Шоҳмансур бинои баландошёнаи истиқоматӣ мавриди истифода қарор гирифт. Иншооти нав аз 19 ошёна ва 591 хонаи истиқоматӣ иборат мебошад.

Нахустин калиди ҳуҷраҳои истиқоматиро Эмомалӣ Раҳмон 76 корманди Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ тақдим кард. Ҳамаи хонаҳо таъмиру тармим гардида, пурра бо ҷиҳози рӯзгор, аз қабили қолинҳои гуногун, яхдон, телевизор, мошини ҷомашӯӣ ва дигар ҷиҳози зарурӣ таъмин мебошанд.

Дар кӯчаи Аҳмади Дониши ҳамин ноҳияи сарвари давлат ва раиси пойтахт дар маросими ба истифода додани Муассисаи таҳсилоти томактабии “Хуршеди Тоҷикистон” барои 600 ҷой иштирок карданд.

Муассисаи томактабӣ аз таҳхона ва 4 ошёна иборат буда, маблағи умумии бунёду муҷаҳҳазгардонии иншоот 51 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Сипас дар ноҳияи Фирдавсӣ Маркази таълимии “Пойтахт”-и Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ ба истифода дода шуд. Он барои бозомӯзии ҳайати шахсӣ ва сатҳи роҳбарии Қушӯнҳои сарҳадӣ пешбинӣ шудааст.

Дар ҳамин ноҳия президент ва раиси пойтахт дар маросими ба истифода додани Клуби варзишии “Парвиз Собиров” ҳузур доштанд.

Муассиси клуби варзишӣ ҷаҳонпаҳлавон Парвиз Собиров мебошад ва толор бо риояи тамоми меъёрҳои сохтмонию меъморӣ ба маблағи 2 млн 400 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби даромади шахсии ӯ бунёд шудааст.

Дар ноҳияи Синои пойтахт Шифохонаи марказии ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ ифтитоҳ шуд. Шифохона соли 1962 бунёд гардида, бо дастури бевоситаи президент дар як муддати кутоҳ пурра навсозӣ ва ба талаботи замони муосир мутобиқ карда шуд.

Бинои шифохона аз 4 ошёна иборат буда, дар он шуъбаҳои қабули беморон, ҷарроҳӣ, бемориҳои дарунӣ, рӯҳ ва асаб, эҳёгарӣ ва мадҳушкунӣ, табобати дандон, ташхисгоҳ, озмоишгоҳи клиникӣ-биокимиёвӣ, вирусологӣ, утоқҳои рентген, ташхиси ултрасадо, кардиологӣ, амрози дарунӣ ва физотерапевтӣ амал хоҳанд кард.

Аксҳо аз хадамоти матбуоти президенти ҶТ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.