Ғарқ шудани як хонанда ва ду сарбоз дар Рӯшон

Asia-Plus

Бино ба иттилое, ки “Азия-плюс” аз як манбаи маҳаллӣ дар ноҳияи Рӯшон Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба даст овард, дирӯз дар ноҳияи Рӯшон як хонандаи синфи 9 худро ба дарё партофтааст. Баъди дидани ин ҳодиса ду сарбозони постгоҳи наздик ба ҳодиса низ барои наҷоти ин кӯдак худро ба дарё афкандаанд, ки ҳар се ғарқ шудаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ин субҳ хабари ба дарё афкандани хонандаи мактаб хабар дода буд, ки бино ба маълумоти ин ниҳод “хонандаи синфи 9-ум аз маркази ноҳияи Рӯшон ВМКБ рӯзи 1 октябр дар маҳалли ба ҳам омадани дарёи Бартанг ва Панҷ худро ба дарё афкандааст”.

Умеда Юсуфова, сухангӯйи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба “Азия-плюс” ҳамчунин ғарқ шудани ду сарбози дигарро таъйид кард, вале гуфт маълумоти пайдо шудан ё нашудани ҷасадҳоро ҳоло дар ихтиёр надоранд.

Ба гуфтаи манбаи маҳалии “Азия-плюс” хонандаи мактаб баъди як ҷанҷоли хонаводагӣ худро ба дарё мепартояд. “Вақте сарбозон ин ҳодисаро мебинанд, як сарбоз барои наҷоти кӯдак худро ба дарё меандозад, ки ғарқ мешавад. Сарбози дигар барои наҷоти ҳамхидмати худ мешитобад, вале мутаассифона ӯ ҳам ғарқ мешавад”,-мегӯяд манбаи мо.

То ҳол ниҳодҳои масъул ҳувияти ғарқшудагонро расонаӣ накардаанд, вале ба гуфти манбаи мо ҷасади хонандаи мактаб ва яке аз сарбозонро пайдо кардаанд ва ҷустуҷӯйи ҷасади сарбози дигар идома дорад. Ба иттилои ин манбаъ мардуми маҳаллӣ дар баробари ниҳодҳои масъул ба ҷустуҷӯйи ҷасади сарбоз пардохтаанд.

Ҳамчунин ба иттилои ин манбаи мо, “гӯё ҳар ду сарбоз рӯзҳои охирини хидмати худро сипарӣ мекарданд ва дар моҳи ноябр бояд ба хона бармегаштанд, аммо ҷавонмардӣ нишон додаву ба ин ҳодиса гирифтор шуданд”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...