Бонки осиёии рушд сустшавии рушди иқтисоди Тоҷикистонро пешгӯйӣ мекунад

Таҳлилгарони Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) 1% сустшавии рушди иқтисоди Тоҷикистонро интизорӣ доранд. Соли 2021 афзоиши воқеии иқтисоди ҷумҳурӣ дар сатҳи 3% пешгӯйӣ мешавад. “Ба иқтисод асосан вайрон шудани робитаҳои нақлиётӣ бо шарикони калидии савдо ва дастрасии маҳдуд ба бозори меҳнати Русия таъсир расонид”, – қайд мешавад дар гузориши интишоршудаи БАТР. Гуфта мешавад, нимсолаи аввал […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Таҳлилгарони Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) 1% сустшавии рушди иқтисоди Тоҷикистонро интизорӣ доранд. Соли 2021 афзоиши воқеии иқтисоди ҷумҳурӣ дар сатҳи 3% пешгӯйӣ мешавад.

“Ба иқтисод асосан вайрон шудани робитаҳои нақлиётӣ бо шарикони калидии савдо ва дастрасии маҳдуд ба бозори меҳнати Русия таъсир расонид”, – қайд мешавад дар гузориши интишоршудаи БАТР.

Гуфта мешавад, нимсолаи аввал интиқоли маблағ бо ҳисоби солона аз Русия тақрибан 15% кам шуд, ки ба истеъмол, ҳаҷми воридот ва пардохти андоз таъсири манфӣ гузошт.

“Сарфи назар аз фишори беруна, дар зарфи 6 моҳи соли равон сатҳи рушди иқтисоди Тоҷикистон бо ҳисоби солона 3,5%-ро ташкил дод”, – зикр мегардад дар гузориш.

Коршиносони БАТР таъкид месозанд, ки афзоиш дар ин сатҳ аз ҳисоби нишондиҳандаҳои баланд дар саноат (афзоиши содирти тилло) ва бахши кишоварзӣ таъмин гардид.

Ҳамчунин зикр мегардад, ки содироти тилло (ба Швейтсария) бо ҳисоби солона ва бо доллар 140% афзуд.

“Ба истиснои фулузоти қиматбаҳо, содирот ба ҳисоби солона 22% коҳиш ёфт: боркашонӣ, тиҷорати меҳмонхонаҳо, савдои чакана ва хизматрасониҳо ба аҳолӣ низ ба рушди иқтисод таъсири манфӣ расониданд”, – таъкид мешавад дар гузориши БАТР.

Ёдрас мекунем, ки соли 2019 сатҳи афзоиши воқеии иқтисоди Тоҷикистон 7,5%-ро ташкил дода буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.