Президенти Тоҷикистон аз шаҳри Ваҳдат боздид кард

Date:

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 8 октябр бо сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат ташриф овард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, нахуст президент дар кӯчаи Сомониёни шаҳри Ваҳдат бинои истиқоматии 10-ошёнаро бо 54 манзил ифтитоҳ намуд, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Абдусамад Нварзиқулов сохта шудааст.

Дар ошёнаи якуми бинои хуштарҳу замонавӣ коргоҳи дӯзандагӣ, нуқтаи фурӯши армуғон, матоъҳои миллӣ ва намунаҳо аз ҳунарҳои мардумӣ мавҷуд буда, мағозаи хӯрокворӣ низ ҷойгир мебошад.

ГАЛЛЕРЕЯ (10)










Дар деҳоти Симиганҷ Эмомалӣ Раҳмон Литсейи касбии сайёҳӣ ва хидматро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо имкониятҳои таълим дар он шинос шуд. Дар маҷмуъ дар Литсей аз рӯйи 8 ихтисос таълим роҳандозӣ шуда, муассиса имконият дорад, ки 500 нафарро ба омӯзиш фаро гирад.

ГАЛЛЕРЕЯ (7)







Сипас сарвари давлат бо рафти нашъунамои зироати тирамоҳӣ дар хоҷагиҳои деҳқонии «Наҷот», «Икромҷон-1», «Ойбӣ», «Зулфия», «Бахтиёр» ва «Фирӯз» дар деҳоти Чӯянгарон шинос шуда, аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуд.

ГАЛЛЕРЕЯ (12)












Дар идома бо ҳузури президент дар шаҳри Ваҳдат зеристгоҳи барқии 110/20/10 кВ ва хатти интиқоли барқи 04 килловолт дар масофаи 53 километр барои 9 деҳаи деҳоти Ромит ба истифода дода шуд. Дар маҷмуъ 9 деҳа, иборат аз 3 100 нафар аҳолӣ аввалин бор давоми солҳои тӯлонии истиқомат дар ин мавзеъ ба нерӯи барқ дастрасӣ пайдо карданд.

ГАЛЛЕРЕЯ (5)





Дар мавзеи Олучадараи деҳоти Ромит президент дар маросими ифтитоҳи ҳавзҳои моҳипарварӣ ва як меҳмонхона иштирок кард. Зикр шуд, ки иншооти мазкур аз ҷониби ҶДММ “Баҳор” бунёд шудааст.

ГАЛЛЕРЕЯ (13)













Ҳамчунин дар ин мавзеъ Эмомалӣ Раҳмон ҳавзҳои моҳипарвариро, ки аз тарафи ҶДММ “Меҳвари Душанбе” бунёд гардидааст, ифтитоҳ кард. Масоҳати умумии гирду атроф ва ҳавзҳои моҳипарварӣ 7 гектарро ташкил намуда, дар масоҳати 3 гектар дарахту бутта ва гулҳои ороишӣ шинонида шудааст.

ГАЛЛЕРЕЯ (5)





Дар фарҷоми сафари корӣ сарвари давлат бо роҳбарону фаъолон ва сокинони шаҳри Ваҳдат мулоқот кард. Пешвои миллат ба талошҳову ташаббусҳои созандаи соҳибкорони бонангу номуси шаҳри Ваҳдат ҷиҳати дастгирии сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати мамлакат изҳори сипос кард.

ГАЛЛЕРЕЯ (20)




















Зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони шаҳри Ваҳдат президент изҳор дошт, ки барои таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Ваҳдат дар давраи соҳибистиқлолӣ аз буҷети давлат беш аз якуним миллиард сомонӣ равона шудааст, ки беш аз як миллиарди он ба 7 соли охир рост меояд.

Аксҳо аз хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...