“Гӯё дар хориҷа бошам”: автобуси дуошёна дар Душанбе

Дар шаҳри Душанбе дар хатсайри №8 (Дарвозаҳои Ғарбӣ – Фурудгоҳ) автобуси дуошёна ба мусофиркашонӣ оғоз кард. Ҳоло маълум нест, ки боз кай чунин автобусҳо ба роҳ мебароянд, лекин мусофирон дар истгоҳҳо танҳо ҳамин гуна автобусро интизор мешаванд. “Ҳама мехоҳад, ки дар ошёнаи дуюм ҷой гирад, зеро аз он ҷо шаҳр хеле зебо менамояд. Вақти тариқи […]

Дар шаҳри Душанбе дар хатсайри №8 (Дарвозаҳои Ғарбӣ – Фурудгоҳ) автобуси дуошёна ба мусофиркашонӣ оғоз кард. Ҳоло маълум нест, ки боз кай чунин автобусҳо ба роҳ мебароянд, лекин мусофирон дар истгоҳҳо танҳо ҳамин гуна автобусро интизор мешаванд.

“Ҳама мехоҳад, ки дар ошёнаи дуюм ҷой гирад, зеро аз он ҷо шаҳр хеле зебо менамояд. Вақти тариқи эстакадаи Қарияи Боло гузаштан манзараи хеле зеборо дидан имкон дорад”, – гуфт як ризокор (ихтиёрӣ), ки мусофиронро дар автобус назорат мекунад.

“Гӯё дар хориҷа бошам, эҳсосоти ғайриодӣ”, – изҳор дошт як духтари мусофири ин автобус.

Ба гуфтаи ронанда, автобус зиёда аз 11 метр дарозӣ дошта, дар ду ошёна 76 ҷойи нишаст дорад. Ин автобус дар корхонаи муштараки тоҷикиву туркии «AKIA AVESTO” истеҳсол шудааст .

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.