Муҷозоти 200 нафар дар Хуҷанд барои надоштани ниқоб

Сарфи назар аз мунтазам баргузор намудани суҳбатҳои фаҳмондадиҳӣ, бархе аз сокинони вилояти Суғд ба риояи меъёрҳои эҳтиёткорӣ аҳаммият намедиҳанд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилоят, рӯзи 7 октябр дар ҷаласаи Ситоди вилоятӣ оид ба муқовимат бо коронавирус зикр шуд, ки бо мақсади пешгирии бемории сироятии коронавирус дар шаҳру навоҳии вилоят корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ […]

Сарфи назар аз мунтазам баргузор намудани суҳбатҳои фаҳмондадиҳӣ, бархе аз сокинони вилояти Суғд ба риояи меъёрҳои эҳтиёткорӣ аҳаммият намедиҳанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилоят, рӯзи 7 октябр дар ҷаласаи Ситоди вилоятӣ оид ба муқовимат бо коронавирус зикр шуд, ки бо мақсади пешгирии бемории сироятии коронавирус дар шаҳру навоҳии вилоят корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуда, баҳри табобати беморон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Новобаста аз чораандешиҳо, бархе аз шаҳрвандон қоидаҳои беҳдоштиро риоя накарда, бидуни ниқобҳои муҳофизатӣ гаштугузор менамоянд, – омадааст дар хабар. – Ин ҳолат боиси нигаронӣ буда, бояд ҳар як нафар барои ҳифзи саломатии худу атрофиён масъулияти бештар эҳсос намояд”.

Гуфта мешавад, бо супориши раиси вилоят аз ҳисоби мутахассисони варзидаи соҳаи тиб гуруҳҳои корӣ ташкил карда шуда, барои омӯзиши вазъ ба шаҳру ноҳияҳо сафарбар шуданд.

“Дар натиҷаи таҳлилҳо муайян гардид, ки бархе аз сокинон нисбати саломатии худ бепарво буда, ҳолатҳои риоя нашудани фосила, надоштани ниқобҳои тиббӣ дар кӯчаву хиёбонҳо, бозору марказҳои савдо ба қайд гирифта шудааст”, – таъкид доштааст сардори Раёсати тандурустии вилоят Фаррух Мақсудзода.

Бино ба маълумоти мутахассисони Маркази назорати санитарӣ-эпидемиологии Хуҷанд, танҳо дар мҳи август ва сентябр барои риоян накардани реҷаи ниқобпӯшӣ ва масофаи иҷтимоӣ ба наздики 200 нафар ҷазо маъмурӣ дода шудааст. Дар бораи чӣ гуна ҷазо гирифтани онҳо маълумот дода намешавад.

Ёдрас мекунем, ки аз рӯзи 8 июл ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ворид карда шуданд, ки мувофиқи онҳо минбаъд барои ниқоб надоштан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ шаҳрвандон ба маблағи аз 116 то 290 сомонӣ ҷарима шуда, барои паҳнкунии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус шахс ба муҳлати аз 5 то 10 сол аз озодӣ маҳрум шуда метавонад.

Он замон зикр шуда буд, ки “кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ алҳол аз ҷаримабандӣ худдорӣ карда, танҳо бо суҳбатҳои фаҳмондадиҳӣ иктифо мекунанд”.

“Агар шаҳрванд дидаву дониста дар бозор ё марказҳои савдо бе ниқоб гардад, бори аввал ӯро огоҳ мекунанд, вале агар қонуншиканӣ такрор гардад, онҳо ҷарима мешаванд”, – қайд карда буд котиби матбуотии ВКД Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода.

Ӯ тавсия дода буд, ки агар касе дар ин маврид бе асос ҷарима шуда бошад, метавонад ба телефони боварии ВКД – 221 21 21 муроҷиат намояд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.