Президенти Қирғизистон ба истеъфо аз мақомаш омода аст

Президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков гуфтааст, "ҳар вақте кишвараш ба масири қонунӣ баргардад" омода аст, аз мақоми худ истеъфо диҳад. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, матни паёми Жээнбеков ба қирғизистониҳо шаби 8 ба 9 октябр дар сомонаи расмии ӯ нашр шуд. "Вазъи сиёсии кишвар ба нуқтаи буҳронӣ расид. "Барои эътидоли вазъи ба вуҷуд омада […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков гуфтааст, "ҳар вақте кишвараш ба масири қонунӣ баргардад" омода аст, аз мақоми худ истеъфо диҳад.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, матни паёми Жээнбеков ба қирғизистониҳо шаби 8 ба 9 октябр дар сомонаи расмии ӯ нашр шуд.

"Вазъи сиёсии кишвар ба нуқтаи буҳронӣ расид. "Барои эътидоли вазъи ба вуҷуд омада гомҳои зеринро бояд бардошт. Бекор кардани натиҷаҳои интихоботи порлумонӣ. Ҳоло бояд интихоботи нави порлумонӣ эълом шавад. Қарор дар ин бораро бояд Комиссияи марказии интихоботӣ қабул кунад. Ин чораҳо ташаннуҷи кунунии сиёсиро коҳиш медиҳанд", – изҳор доштааст Жээнбеков.

Ӯ ҳамчунин илова кардааст, "сарвазир ва аъзои ҳукумате, ки то буҳрон фаъолият мекарданд, ба истеъфо фиристода шаванд, то барои таъйини мансабдорони нав асоси қонунӣ фароҳам гардад".

Ба гуфтаи Жээнбеков, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қирғизистон бояд амнияти вакилони порлумони ин кишварро таъмин созанд, то онҳо тавонанд вазифаҳои худро иҷро кунанд.

"Барои ман ягон мансаб болотар аз якпорчагии давлат, иттиҳоди мардум ва оромии ҷомеа нест. Мо бояд ҳарчи зудтар вазъро ба маҷрои ҳуқуқӣ баргардонем. Ҳар вақте раҳбарони қонунии ниҳодҳои иҷроияи давлатӣ таъйин шуданду кишвар ба масири қонунӣ баргашт ман омодаам, ки аз мақоми президентӣ истеъфо диҳам", – гуфтааст ӯ.

Гуфта мешавад, ин дар ҳолест, ки президенти Қирғизистон пештар ҳаводиси ахири кишварашро "талоши ғасби қудрат" арзёбӣ мекард.

Ёдрас мешавад, ки эътирозгарон зидди натиҷаҳои интихоботи порлумонии Қирғизистон шаби 5 ба 6 октябр бинои порлумон ва дафтари раёсатҷумҳуриро ғасб карданд. Президент Жээнбеков аз мазҳари ом нопадид шуд, вале хадамоти матбуотии ӯ пайваста аз номаш изҳорот нашр ва ҳар бор таъкид мекунад, ки президент дар Бишкек аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.