Баъди 10 соли танаффус Суғд бо гази Ӯзбекистон таъмин мешавад

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Ӯзбекистон баъди 10 соли интиқоли қатъи гази табиӣ ба вилояти Суғд  дубора интиқоли онро шурӯъ кард. Дар ин бора  Абдулҳаким Сӯфиев директори ҶСП “Сомон Суғдгаз” ба “Аsia-Plus” иттилоъ дод.

Бино ба иттилои манбаъ,  воридкунандаи газ ширкати “Сомон Суғдгаз” буда, он барои корхонаҳои саноатӣ, аҳолӣ ва нақлиёт пешбинӣ шудааст. Эҳтимолан як метри мукааб гази табиии аз  Ӯзбекистон воридшуда то 2 сомонӣ арзиш дорад.

“Ҳоло масъулин ба васлу насби қубурҳои газгузар шурӯъ кардаанд ва эҳтимолан рӯзҳои наздик нахуст корхонаҳои хурду бузурги саноатии шаҳри Хуҷанд бо гази табиӣ таъмин мешаванд. Дар асоси созишнома ҷониби Ӯзбекистон омода аст, ки  1000 куб гази табииро бо арзиши 130 доллари ИМА ба Тоҷикистон бифурӯшад, ки бамаротиб дастрасу арзон аст. Даҳ сол қабл 1000 куб қимати гази Ӯзбекистон то ба 340-360 доллари ИМА баробар буд ва аз он аксари тоҷикистониён баҳраманд буданд”,  – илова кард  директори ҶСП “Сомон Суғдгаз” Абдулҳаким Сӯфиев.

Манбаъ мегӯяд, дар вилояти Суғд беш аз 800 километр дарозии қубурҳои газгузар мавҷуд аст, ки беш аз 400 километри он дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд қарор дорад. Корҳои барқарорсозии қубурҳои фарсудашуда, ки аз замони Шӯравӣ ба мерос мондааст ҳоло дар ин шаҳр дар арафаи анҷомёбист ва рӯзҳои наздик сокинон ба гази Ӯзбекистон дастрасӣ пайдо мекунанд.

“Мо қубурҳои газгузаро то назди биноҳои истиқоматӣ  мебарем ва боқимонда корҳоро сокинон худшон анҷом медиҳанд, бе ягон мамониат онҳо бо газ таъмин мегарданд. Танҳо дар шаҳри Хуҷанд зиёда аз 400 чоҳи газӣ мавҷуд аст, ки қубурҳои онро куллан иваз карда истодаем. То охири сол сокинони шаҳри Хуҷанд ба пуррагӣ бо гази табиӣ таъмин мешаванд ва ҳоло газ аллакай ба корхонаҳои саноатӣ омадааст. То охири соли 2020 тасмим дорем, сокинони шаҳрҳои Гулистон, Бӯстон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро пурра бо газ таъмин намоем”, – мегӯяд директори ширкати “Сомон Суғдгаз”.

Ба муносибати оғози интиқоли гази табиии Ӯзбекистон ба вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд рӯзҳои наздик давоми чанд дақиқа гулхан ва ё худ оташи “Рамзи шодӣ” фаъол мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...