Истаравшан: зани 40-сола шавҳарашро бо табар кушт

Кормандони милитсия дар шаҳри Истаравшан зани 40-соларо бо гумони ба ҳалокат расонидани шавҳараш боздошт намудаанд.  Бино ба иттилои ВКД, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 40-солаи сокини ҷамоати деҳоти Қалъачаи Калони шаҳри Истаравшан бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд. Гуфта мешавад, номбурда субҳи рӯзи 12-уми октябр дар хонаи […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Кормандони милитсия дар шаҳри Истаравшан зани 40-соларо бо гумони ба ҳалокат расонидани шавҳараш боздошт намудаанд. 

Бино ба иттилои ВКД, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 40-солаи сокини ҷамоати деҳоти Қалъачаи Калони шаҳри Истаравшан бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.

Гуфта мешавад, номбурда субҳи рӯзи 12-уми октябр дар хонаи истиқоматиаш бо шавҳараш, марди 54-сола, аз сабаби муноқишаи рухдода  ҷангу ҷанҷол карда, бо табари хоҷагӣ 1-маротиба ба сараш задаст, ки дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.