Ҷаримаи ронандагони нақлиёти мусофиркаши Хуҷанд барои надоштани ниқоб

Маркази санитарӣ-эпидемиологии шаҳри Хуҷанд 15 ронандаро барои  риоя накардани меъёрҳои пешгирӣ аз бемории COVID-19 ҷарима кард. Тавре ба “Азия-Плюс” директори Маркази санитарию-эпидемиологи шаҳри Хуҷанд Тахмина Усмонова хабар дод, аксари ҷаримашудагон ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ буда, ҳар яке ба маблағи 116 ва дар умум 1740 сомонӣ ҷарима шудаанд.  “Ронандагонро барои он ҷарима бастанд, ки онҳо  ниқоби муҳофизатӣ […]

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Маркази санитарӣ-эпидемиологии шаҳри Хуҷанд 15 ронандаро барои  риоя накардани меъёрҳои пешгирӣ аз бемории COVID-19 ҷарима кард.

Тавре ба “Азия-Плюс” директори Маркази санитарию-эпидемиологи шаҳри Хуҷанд Тахмина Усмонова хабар дод, аксари ҷаримашудагон ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ буда, ҳар яке ба маблағи 116 ва дар умум 1740 сомонӣ ҷарима шудаанд.

 “Ронандагонро барои он ҷарима бастанд, ки онҳо  ниқоби муҳофизатӣ надоштанд дар нақлиёт аз меъёр зиёд мусофир гирифтанд ва ё дар дохили нақлиёт мусофиронашон ниқоби муҳофизатӣ надоштанд, –  мегӯяд директори Марказ. – Ҳамаи ӯҳдадорӣ ба зиммаи ронанда буда дар сурате, ки мусофиронашон ниқоби муҳофизатӣ надоранд, на мусофир, балки худи ронанда ҷарима мешавад”.   

Қаблан дар моҳи сентябр идораи беҳдоштӣ дар шаҳри Хуҷанд нисбат ба беш аз 100 нафар, ки меъёрҳои пешгирӣ аз бемории ҳамагири коронавирусро риоя накарданд, санади ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода онҳоро зиёда аз 13 ҳазор сомонӣ ҷарима карда буд.

Аз ҷумла, масъулини 6 тӯйхонаву тарабхонаҳо дар Хуҷанд ҳар кадоме ба андозаи 1160 сомонӣ ҷарима шуданд, ки аз меъёр зиёд одамонро ба маъракаҳо роҳ додаанд ва ё қоидаҳои беҳдоштиро риоя накардаанд.

Онҳо асосан барр асоси моддаи 113 (Риоя накардани қоидаҳои мубориза бо эпидемия) -и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.