Оғози истеҳсоли дастпӯшакҳои сохтмонӣ дар Тоҷикистон

Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар бораи роҳандозии истеҳсоли боз як навъ маҳсулоти ивазкунандаи воридот дар ҷумҳурӣ хабар медиҳад. Гуфта мешавад, чанде пеш дар заминаи ҶДММ «Ваҳдат»-и ноҳияи Ёвон коргоҳи нав бо васлу насби дастгоҳҳои ҳозиразамон оид ба истеҳсоли дастпӯшакҳои бофташудаи сохтмонӣ ба фаъолият шурӯъ намуд. “Иқтидори истеҳсолии коргоҳи мазкур дар як шабонарӯз зиёда […]

Asia-Plus

Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар бораи роҳандозии истеҳсоли боз як навъ маҳсулоти ивазкунандаи воридот дар ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, чанде пеш дар заминаи ҶДММ «Ваҳдат»-и ноҳияи Ёвон коргоҳи нав бо васлу насби дастгоҳҳои ҳозиразамон оид ба истеҳсоли дастпӯшакҳои бофташудаи сохтмонӣ ба фаъолият шурӯъ намуд.

“Иқтидори истеҳсолии коргоҳи мазкур дар як шабонарӯз зиёда аз 25 ҳазор ҷуфт дастпӯшакҳои бофташудаи сохтмониро ташкил дода, сифати маҳсулот ба талаботи стандарти давлатӣ ҷавобгӯ мебошад”, – омадааст дар хабари Вазорат.

Ба иттилои манбаъ, ҳамзамон дар ҷамъияти мазкур коргоҳи дӯзандагӣ бо истифода аз 50 дастгоҳҳои дарздӯзӣ фаъолият дошта, духти либоси мактабӣ роҳандозӣ гардидааст ва ҳоло дар ҷамъият дар маҷмӯъ 80 нафар шаҳрвандони маҳаллӣ ба кор ҷалб гардидаанд.

Ёдрас мешавад, ки ҶДММ «Ваҳдат» дар ноҳияи Ёвон соли 2014 бо иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба  фаъолият оғоз намуда, барои пешрафти соҳаи кешбофии (трикотажии) кишвар саҳми назаррас дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.