Туҳфаҳои Tcell ба муносибати 20-солагии таъсисёбиии ширкат

Иттилоияи расмӣ

Дар соли 2020 оператори пешсаф ва навовари кишвар- ширкати Tcell солгарди худро ҷашн мегирад: 20 сол боз Tcell ба тоҷикистониён технологияҳои муосирро пешниҳод карда, рушди бахши телекоммуникатсионии кишварро суръат мебахшад. Аз оғози фаъолияти тиҷоратӣ, ширкати Tcell масири бузургеро барои расидан то ба мавқеъи оператори пешбари бозори мухобироти кишвар бо шабакаи васеи чакана ва беҳтарин роҳҳалҳои навоварона пушти сар кард.

Tcell аз ҳар як муштарӣ, ки Tcell -ро ҳамчун оператори телекоммуникатсионии худ интихоб менамояд, самимона қадрдонӣ мекунад. Бузургтарин иқдом бо ҳадяҳо барои муштариёни Tcell "Бурд намо-2020" хоҳад буд, ки дар он ширкат 6 мошини Hyundai дар ҶТ, ноутбукҳо, смартфонҳо (iPhone), Smart TV ва бисёр чизҳои дигарро ба бозӣ мегузорад! Иқдоми мазкур дар саросари кишвар сурат пазируфта, дар он ҳамаи муштариён метавонанд ширкат намоянд. Навгонии аксияи “Бурд намо” дар соли 2020 ин аст, ки пас аз гирифтани ҳар як ID-рақам, муштарӣ 20 Мб трафики Интернетро ҳамчун тӯҳфа дастрас менамояд! Ҳар қадар ID бештар бошад, ҳамон қадар мегабайтҳо бештар ва шонси пирӯз гардидан бештар мешавад!  

Маълумоти муфассал дар бораи иқдом: https://www.tcell.tj/content/news/catch-luck2020/

Ширкат ба ҳар як тоҷикистоние, ки имсол 20-сола мешавад (яъне, ҳамсолони Тcell) рақами нуқрагӣ ҳадя мекунад! Барои ин ба дилхоҳ маркази хизматрасонии ширкат бо шиноснома муроҷиат намудан зарур аст.

Инчунин, ҷуфтҳо (ҳамсарон)-е, ки имсол тӯйи "чинӣ" – 20 солагии издивоҷро ҷашн мегиранд, аз тарафи ширкат рақамҳои нуқрагии ҷуфтро ҳамчун тӯҳфа дарёфт хоҳанд кард! Барои ин зарур аст, ки дар ягон маркази хизматрасонӣ шаҳодатномаи ақди никоҳатонро нишон диҳед.

Tcell бо ифтихор дар саргаҳи суръатбахшии рушди технологии Ватан қарор дошта, ба оянда боэътимоди қавӣ менигарад. Бо шарофати ҳар як муштарӣ мо дар ҷодаи рушди технологӣ ва тақвияти ин бахш ҳастем! 

___________________

 Tcell –  бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED – Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст.

Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...