Сатҳи таваррум дар бозори истеъмолии Тоҷикистон давоми моҳҳои январ-сентябри соли равон 5,2%-ро ташкил дод, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти Тоҷикистон.
Аз ҷумла, арзиши маҳсулоти хӯрокворӣ ба андозаи 6,3%, маҳсулоти ғайриозуқа – 3,8% ва тарифҳои хизматрасонии пулакӣ – 3,8% боло рафтанд.
Ҳукумати Тоҷикистон мизони таваррумро то охири сол дар сатҳи 7% нигоҳ доштанист. Аммо Бонки ҷаҳонӣ сатҳи таваррумро соли 2020 дар Тоҷикистон 10% пешгӯйӣ мекунад.
Қобили зикр аст, ки як сол пеш нарху тарифҳо дар Тоҷикистон ба миқдори 8% боло рафта буданд.
ИЗОБРАЖЕНИЕ
Имсол чӣ қимат шуд?
Маҳсулоти хӯрокворӣ:
Шакар (қанд) – 19,6%
Маснуоти нонӣ – 11,7%
Мева – 7%
Равған – 7%
Картошка – 5,7%
Гӯшт – 5%
Маҳсулоти ғайриозуқа:
Гази моеъ – 10,7%
Маҳсулоти дорусозӣ – 8%
Воситаҳои шустан – 6,8%
Масолеҳи сохтмон – 6,7%
Матоъ – 5,5%
Қисмҳои эҳтиётии нақлиёт – 3,9%
Хизматрасониҳои пулакӣ:
Нархи роҳкирои сафар бо нақлиёти ҳавоӣ – 30%
Хизматрасониҳои маишӣ – 2,6%.
Соли 2019 нархи маҳсулот чӣ қадар боло рафт?
Таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон соли гузашта ба нишондиҳандаи рекордӣ тайи ҳафт соли охир – 8% расид. Арзиши чиҳо аз ҳама бештар гарон шуд?
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.


