Агентӣ: “Ҳамарӯза аз Русия 5-6 парвози чартерӣ сурат мегирад”

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Парвозҳои чартерӣ аз Русия ба Тоҷикистон барои ба ватан овардани ҳамаватанон мисли пешин идома доранд, хабар дод ба "Азия“Плюс” директори Агентии авиатсияи граждании кишвар Икром Субҳонзода.

“Ҳамарӯза аз минтақаҳои гуногуни Русия 5-6 парвози чартерӣ ба Тоҷикистон сурат мегирад. Дар иҷрои ин парвозҳо айни замон ва пештар ҳам ягон мушкилӣ нест”, – изҳор дошт Субҳонзода.

Ба гуфтаи ӯ, мақомоти марбутаи Тоҷикистон ҳар 3-4 рӯз ҷадвали парвозҳоро, ки ширкати “Сомон Эйр” анҷом медиҳад, мувофиқа месозанд.

Субҳонзода қайд кард, ки парвозҳо бо ду хатсайр шаби 1 ноябр аз Русия бо сабабҳои техникӣ бекор карда шуданд.

Рӯзҳои наздик Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ ҷадвали парвозҳои чартерирр барои моҳи ноябр ба нашр мерасонад”, – гуфт Икром Субҳонзода.

Дар департаменти иттилооти ВКХ ҶТ ба “Азия-Плюс” изҳор доштанд, ки ҷадвали парвозҳои чартерӣ барои моҳи ноябр ба баррасии ситоди ҷумҳуриявии муқовимат бо коронавирус пешниҳод шуда, пас аз маъқул дониста шудани он ба нашр мерасад.

Дар сафорати Тоҷикистон дар Русия ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки онҳо тартиб додани рӯйхати мусофиронро идома медиҳанд.

“Ҳозир рӯйхати шаҳрвандонеро, ки хоҳиши ба ватан бргаштанро доранд, таҳия намуда истодаем. Ҳамаи шаҳрвандоне, ки дар рӯйхати парвози шаби 1 ноябр номнавис шудаву билет доштанд, рӯзи дигар ба Тоҷикистон фиристода шуданд”, – қайд карданд дар сафорат.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...