Агентӣ: “Ҳамарӯза аз Русия 5-6 парвози чартерӣ сурат мегирад”

Парвозҳои чартерӣ аз Русия ба Тоҷикистон барои ба ватан овардани ҳамаватанон мисли пешин идома доранд, хабар дод ба "Азия“Плюс” директори Агентии авиатсияи граждании кишвар Икром Субҳонзода. “Ҳамарӯза аз минтақаҳои гуногуни Русия 5-6 парвози чартерӣ ба Тоҷикистон сурат мегирад. Дар иҷрои ин парвозҳо айни замон ва пештар ҳам ягон мушкилӣ нест”, – изҳор дошт Субҳонзода. Ба […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Парвозҳои чартерӣ аз Русия ба Тоҷикистон барои ба ватан овардани ҳамаватанон мисли пешин идома доранд, хабар дод ба "Азия“Плюс” директори Агентии авиатсияи граждании кишвар Икром Субҳонзода.

“Ҳамарӯза аз минтақаҳои гуногуни Русия 5-6 парвози чартерӣ ба Тоҷикистон сурат мегирад. Дар иҷрои ин парвозҳо айни замон ва пештар ҳам ягон мушкилӣ нест”, – изҳор дошт Субҳонзода.

Ба гуфтаи ӯ, мақомоти марбутаи Тоҷикистон ҳар 3-4 рӯз ҷадвали парвозҳоро, ки ширкати “Сомон Эйр” анҷом медиҳад, мувофиқа месозанд.

Субҳонзода қайд кард, ки парвозҳо бо ду хатсайр шаби 1 ноябр аз Русия бо сабабҳои техникӣ бекор карда шуданд.

Рӯзҳои наздик Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ ҷадвали парвозҳои чартерирр барои моҳи ноябр ба нашр мерасонад”, – гуфт Икром Субҳонзода.

Дар департаменти иттилооти ВКХ ҶТ ба “Азия-Плюс” изҳор доштанд, ки ҷадвали парвозҳои чартерӣ барои моҳи ноябр ба баррасии ситоди ҷумҳуриявии муқовимат бо коронавирус пешниҳод шуда, пас аз маъқул дониста шудани он ба нашр мерасад.

Дар сафорати Тоҷикистон дар Русия ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки онҳо тартиб додани рӯйхати мусофиронро идома медиҳанд.

“Ҳозир рӯйхати шаҳрвандонеро, ки хоҳиши ба ватан бргаштанро доранд, таҳия намуда истодаем. Ҳамаи шаҳрвандоне, ки дар рӯйхати парвози шаби 1 ноябр номнавис шудаву билет доштанд, рӯзи дигар ба Тоҷикистон фиристода шуданд”, – қайд карданд дар сафорат.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.