Эмомалӣ Раҳмон ҳамла ба Донишгоҳи Кобулро маҳкум кард

Эмомалӣ Раҳмон бо ирсоли як барқия ба раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ҳамла ба Донишгоҳи Кобулро маҳкум кард. Дар ин номаи таслият Эмомалӣ Раҳмон аз номи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ҳамдардиву таслияти амиқи худро ба наздикони фавтидагон изҳор намуда, хоҳони шифои комили ҳамаи осебдидагон гардидааст. Дар ин барқияи изҳори таслият раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки "хабари […]

Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон бо ирсоли як барқия ба раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ҳамла ба Донишгоҳи Кобулро маҳкум кард. Дар ин номаи таслият Эмомалӣ Раҳмон аз номи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ҳамдардиву таслияти амиқи худро ба наздикони фавтидагон изҳор намуда, хоҳони шифои комили ҳамаи осебдидагон гардидааст.

Дар ин барқияи изҳори таслият раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки "хабари фоҷеабори ба ҳалокат расидан ва ҷароҳати вазнин бардоштани теъдоди зиёди шаҳрвандони кишвар бар асари ҳамлаҳои золимонаи ахири террористон, аз ҷумла ба Донишгоҳи Кобул ва болои нерӯҳои давлатии Афғонистон дар вулусволии Имом Соҳиби вилояти Қундуз, боиси андӯҳи беандозаи мо гардид".

Эмомалӣ Раҳмон мавқеи ҳамсоягии кишварашро чунин изҳор кардааст:

"Тоҷикистон ин амалҳои ғайриинсонии нерӯҳои аҳриманиро қатъиян маҳкум намуда, зарурати бетаъхири тақвияти муборизаи қотеонаро бо ҳама гуна зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ дар сатҳҳои мухталиф муҷаддадан таъкид менамояд".

Ҳамчунин раисҷумҳури Тоҷикистон, 3 ноябр дар як суҳбати телефонӣ бо Муҳаммад Ашраф Ғанӣ аз раванди музокироти сулҳи  байниафғонӣ истиқбол намуда, гуфтааст, ки "Тоҷикистон талошҳои пайвастаи Ҳукумати Афғонистонро ҷиҳати таъмини амният ва сулҳу субот дар кишвар пурра ҷонибдорӣ менамояд.

Эмомалӣ Раҳмон омодагии Тоҷикистонро дар мавриди пуштибонӣ аз иқдомҳои Ҳукумату мардуми Афғонистон ҷиҳати истиқрори сулҳу субот ва бозсозии иқтисодии кишвар баён доштаааст.

Рӯзи 2 ноябр Донишгоҳи Кобули Афғонистон мавриди тирборони се муҳоҷим қарор гирифт. Ин се террорист ба як маросими китоби донишҷӯён ҳамла карданд. Ба иттилои шабакаи телевизиони “Тулуънеюс”, дар ин ҳамла 19 нафар куштаву 22 тан захмӣ шудааст, ки аксари онҳо донишҷӯёни ин донишгоҳ мебошанд. Масъулияти ин ҳамларо гуруҳи террористии ДИИШ ба дӯш гирифт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.