Даргузашти нависанда Анвар Мирзоҳакими Олим

Нависанда ва тарҷумони  варзида Анвар Мирзоҳакими Олим, бародари Шоири халқии Тоҷиикстон  Аксар Ҳаким, субҳи имрӯз  дар синни 64-солагӣ аз олам даргузашт.  Ӯ аз шумори нависандаҳои варзидае дониста мешуд, ки  дар шимоли кишвар бо осор ва тарҷумаҳояш дар рушди адабиёти муосири тоҷик хидмати арзандае кардааст. Шоири шинохта Озарахш дар суҳбати телефонӣ  ба “Азия-Плюс” гуфт, бо даргузашти  […]

Афзал Босолиев, Asia-Plus

Нависанда ва тарҷумони  варзида Анвар Мирзоҳакими Олим, бародари Шоири халқии Тоҷиикстон  Аксар Ҳаким, субҳи имрӯз  дар синни 64-солагӣ аз олам даргузашт.  Ӯ аз шумори нависандаҳои варзидае дониста мешуд, ки  дар шимоли кишвар бо осор ва тарҷумаҳояш дар рушди адабиёти муосири тоҷик хидмати арзандае кардааст.

Шоири шинохта Озарахш дар суҳбати телефонӣ  ба “Азия-Плюс” гуфт, бо даргузашти  Анвар Олим адабиёти муосир талафоти калон дид ва марҳум ситори ношинохтаи адабиёти мо буд.

“Анвар Мирзоҳакими Олим аз донанди хуби  адабиёти ҷаҳон буд ва бисёр асарҳои адибони маруфи сатҳи ҷаҳониро тарҷума ва  пешкаши хонандагон мекард. Дар баробари ин худ низ  бисёр асарҳои мондагор эҷод кардааст. Дар сатҳи он кас имрӯз касонеро дар адабиёти мусоири тоҷик, махсусан насрро, намедонам, ки ин қадар хуб донанду таҳлил кунанд”.

Ҳамкорони  Анвар Мирзоҳакими Олим  аз маҷаллаи “Паёми Суғд”  иттилоъ доданд,  ки ду рӯз пеш  ба коргоҳ омода буданду  саломатиашон хуб буд ва аз кормандони пуркори маҷалла буданд.  Аъзами Хуҷаста гуфт, ки ҳатто барои ним соли оянда маводу тарҷумаҳояшонро омода карда буданд.

“Бемории қалб доштанд ва чанд сол пештар дар беморхонаи Ибни Сино ҷарроҳиро паси сар карда буданд, аммо саломатиашон хуб буд. Ду рӯз пеш корхона омада буданд ва ҳатто бо донишҷӯён, ки аз шӯъбаи журналистика омода буданд як маҳфили гарм ороста, бисёр суҳбатҳои ҷолиб намуданд. Аз хабари марги нависанда Баҳманёр сахт андӯҳгин шуданд ва шояд ин ба саломатиашон таъсир кард”.

Анвар Мирзоҳакими Олим соли 1956 дар деҳаи Рӯмони ноҳияи Ғафуров таваллуд шуда, дорандаи ҷоизаву ифтихорномаҳои зиёд аз ҷумла Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ буд.

“Бачаи лалмӣ”, “Шохи шикаста”,  “Маҷмӯаи ҳикояҳо” аз осори пурхонандаи ин адиби тоҷик ба шумор мераванд. Даҳ соли охир дар маҷаллаи “Паёми Суғд” кор мекард. Тавре ки гуфта мешавад, маросими намози ҷаноза ва видоъ бо марҳум асри имрӯз дар деҳаи Рӯмон баргузор мешавад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.