Ҳукумати Русия ба баъзе муҳоҷирон иҷозаи вуруд медиҳад

Asia-Plus

Ҳукумати Русия ба вуруди дақиқи муҳоҷирон ба сохтмонҳои ин кишвар иҷоза дода метавонад. Дар ин бора зимни брифинг оид ба вазъи ҷорӣ дар соҳаи сохтмони манзил муовини сарвазир Марат Хуснуллин хабар додааст.

Ба гуфтаи ӯ, норасоии қувваи корӣ айни замон ба яке аз мушкилиҳои калидӣ дар сохтмонҳо табдил меёбад.

“Он ҷо муҳоҷирони зиёд кор мекарданд. Вақте ки маҳдудият ҷорӣ шуд, қисмате аз онҳо ба хонаҳояшон рафта, дигар баргашта наметавонанд. Аз ин рӯ, мушкили норасоии қувваи корӣ миқёси бузургеро фаро гирифт”, – қайд кардааст Хуснуллин.

Ӯ илова намудааст, ки аксарият бо дархости кушодани сарҳадҳо барои вуруди муҳоҷирон ба ҳукумат муроҷиат карда, лекин то ба эътидол омадани вазъият бо коронавирус, аз эҳтиёт кор гирифтан лозим аст.

“Дар ҳукумат роҳу воситаҳоеро ҷустуҷӯ доранд, ки ақаллан дақиқан ё ба вуруди миқдори муайяни муҳоҷирон иҷоза дода шавад, – изҳор доштааст ӯ. – Мо дар як қатор корхонаҳое, ки мавсимӣ ба кор қабул мекунанд, чунин таҷриба дорем. Ҳамаи тадбирҳоро андешида, карантин риоя мешуд. Муоинаву супурдани ташхис аз ҳисоби корфармоҳо буд. Ҳамин тавр одамонро меоварданд”.

Муовини сарвазир таъкид доштааст, ки сарфи назар аз коронавирус, ба туфайли дастгирӣ аз ҷониби давлат сохтмон зиёд шуда, лекин коргарон намерасанд ва ин шадидан эҳсос мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.