Нахустин бор бонувон дар қаҳрамонии ҷудои Тоҷикистон

Бори аввал дар таърихи ҷудои тоҷик имсол қаҳрамонии ҷудои Тоҷикистон миёни бонувон баргузор гардид. Дар сабқатҳои қаҳрамонии ҷудои Тоҷикистон, ки 13-15-уми ноябр баргузор шуданд сабқатҳо миёни бонувон дар ду вазн -57 ва -70 кг сурат гирифт. Дар вазни -57 Аҳлия Муъминова мақоми аввал, Шукрона Қарчиева мақоми дувум ва Ватансултону Шакаршоеваву Ҷаннатхон Қурбоналиева мақомҳои сеюмро соҳиб […]

Бори аввал дар таърихи ҷудои тоҷик имсол қаҳрамонии ҷудои Тоҷикистон миёни бонувон баргузор гардид. Дар сабқатҳои қаҳрамонии ҷудои Тоҷикистон, ки 13-15-уми ноябр баргузор шуданд сабқатҳо миёни бонувон дар ду вазн -57 ва -70 кг сурат гирифт.

Дар вазни -57 Аҳлия Муъминова мақоми аввал, Шукрона Қарчиева мақоми дувум ва Ватансултону Шакаршоеваву Ҷаннатхон Қурбоналиева мақомҳои сеюмро соҳиб шуданд.

Медали тиллои вазни -70 бонувон насиби бонуи ҷудокори шинохтаи тоҷик Шоҳида Қаландарова шуд. Медали нуқраро Фазилат Гулбоева ва медалҳои биринҷиро Гулафзо Гуловаву  Мавлуда Одинаева аз худ намуданд.

Федератсияи ҷудои Тоҷикистон мегӯяд, ҳарчанд дар Тоҷикистон аз шисоби бонувони ҷудокор ҷоизадорони мусобиқоти осиёиву ҷаҳонӣ дорем, вале бори нахуст буд, ки бонувон дар сабҳатҳои қаҳрамонии кишвар барои ба даст овардани унвони қаҳрамони ҷудои Тоҷикистон ширкат мекунанд.

Дар рақобатҳо миёни мардон қаҳрамонони 7 вазни мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Тоҷикистон дар соли 2020 маълум шуданд.  Ин мусобиқот имсол дар толорҳои тозабунёди Қасри тенси ва маҷмааи обии Душанбе аз 13 то 15-уми ноябр доир шуданд.

Тибқи иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон имсол дар ин мусобиқот бештар аз 200 варзишгар аз тамоми манотиқи Тоҷикистон ширкат карданд. Вале ба делели ҳамагирии коронавируси COVID-19 сабқатҳо дар толор бидуни ҳузури мухлисон доир шуд, вале раванди тамоми мусобиқотро телевизиони “Варзиш” ва “Футбол” ба таври мустақим намоиш доданд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед. 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.