Ҳукумати Русия ба баъзе муҳоҷирон иҷозаи вуруд медиҳад

Ҳукумати Русия ба вуруди дақиқи муҳоҷирон ба сохтмонҳои ин кишвар иҷоза дода метавонад. Дар ин бора зимни брифинг оид ба вазъи ҷорӣ дар соҳаи сохтмони манзил муовини сарвазир Марат Хуснуллин хабар додааст. Ба гуфтаи ӯ, норасоии қувваи корӣ айни замон ба яке аз мушкилиҳои калидӣ дар сохтмонҳо табдил меёбад. “Он ҷо муҳоҷирони зиёд кор мекарданд. […]

Ҳукумати Русия ба вуруди дақиқи муҳоҷирон ба сохтмонҳои ин кишвар иҷоза дода метавонад. Дар ин бора зимни брифинг оид ба вазъи ҷорӣ дар соҳаи сохтмони манзил муовини сарвазир Марат Хуснуллин хабар додааст.

Ба гуфтаи ӯ, норасоии қувваи корӣ айни замон ба яке аз мушкилиҳои калидӣ дар сохтмонҳо табдил меёбад.

“Он ҷо муҳоҷирони зиёд кор мекарданд. Вақте ки маҳдудият ҷорӣ шуд, қисмате аз онҳо ба хонаҳояшон рафта, дигар баргашта наметавонанд. Аз ин рӯ, мушкили норасоии қувваи корӣ миқёси бузургеро фаро гирифт”, – қайд кардааст Хуснуллин.

Ӯ илова намудааст, ки аксарият бо дархости кушодани сарҳадҳо барои вуруди муҳоҷирон ба ҳукумат муроҷиат карда, лекин то ба эътидол омадани вазъият бо коронавирус, аз эҳтиёт кор гирифтан лозим аст.

“Дар ҳукумат роҳу воситаҳоеро ҷустуҷӯ доранд, ки ақаллан дақиқан ё ба вуруди миқдори муайяни муҳоҷирон иҷоза дода шавад, – изҳор доштааст ӯ. – Мо дар як қатор корхонаҳое, ки мавсимӣ ба кор қабул мекунанд, чунин таҷриба дорем. Ҳамаи тадбирҳоро андешида, карантин риоя мешуд. Муоинаву супурдани ташхис аз ҳисоби корфармоҳо буд. Ҳамин тавр одамонро меоварданд”.

Муовини сарвазир таъкид доштааст, ки сарфи назар аз коронавирус, ба туфайли дастгирӣ аз ҷониби давлат сохтмон зиёд шуда, лекин коргарон намерасанд ва ин шадидан эҳсос мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.