Қаҳрамонони мусобиқоти ҷудои Тоҷикистон маълум шуданд

Қаҳрамонони ҳафт вазни мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Тоҷикистон дар соли 2020 маълум шуданд.  Ин мусобиқот имсол дар толорҳои тозабунёди Қасри тенси ва маҷмааи обии Душанбе аз 13 то 15-уми ноябр доир шуданд. Тибқи иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон имсол дар ин мусобиқот бештар аз 200 варзишгар аз тамоми манотиқи Тоҷикистон ширкат карданд. Вале ба делели ҳамагирии коронавируси COVID-19 […]

Қаҳрамонони ҳафт вазни мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Тоҷикистон дар соли 2020 маълум шуданд.  Ин мусобиқот имсол дар толорҳои тозабунёди Қасри тенси ва маҷмааи обии Душанбе аз 13 то 15-уми ноябр доир шуданд.

Тибқи иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон имсол дар ин мусобиқот бештар аз 200 варзишгар аз тамоми манотиқи Тоҷикистон ширкат карданд. Вале ба делели ҳамагирии коронавируси COVID-19 сабқатҳо дар толор бидуни ҳузури мухлисон доир шуд, аммо раванди тамоми мусобиқотро шабакаҳои телевизионии “Варзиш” ва “Футбол” ба таври мустақим намоиш доданд.

Имсол бори аввал дар таърихи ҷудои Тоҷикистон сабқатҳо миёни бонувони ҷудокор дар ду вазн доир шуд.

Федератсияи ҷудои Тоҷикистон мегӯяд, ки дар натиҷаи сабқатҳо тими мунтахабаи Тоҷикистон такмил ва чеҳраҳои нав ба ҳайати он шомил шуданд.

Ҳамчунин имсол бори аввал дар таърихи ҷудои Тоҷикистон рақобатҳои даставӣ доир шуд, ки ҷойи аввал насиби дастаи Душанбе, ҷойи дувум насиби дастаи Суғд ва ҷойи сеюм насиби дастаи Рашт шуд.

Натиҷаҳои сабқатҳои Қаҳрамонии ҷудои Тоҷикистон дар ҳамаи вазнҳо чунин аст:

Вазни -60 кг:

1. Абумуслим Қаюмзода, ҷойи 1;

2. Сарвар Абдушукров, ҷойи 2;

3. Саъдӣ Собирзода, ҷойи 3;

4. Муҳаммадсолеҳ Қувватов, ҷойи 3.

Вазни -66 кг:

  1. Баҳром Сӯфиев, ҷойи 1;
  2. Маҳмадисо Раҷабов, ҷойи 2;
  3. Масъуди Аҳмадзод, ҷойи 3;
  4. Фурқат Муборакқадамов, ҷойи 3;

Вазни -73 кг:

  1. Муҳаммадшариф Наҷмиддинов, ҷойи 1;
  2. Қоим Шукронов, ҷойи 2;
  3. Муҳаммадиқбол Тошев, ҷойи 3;
  4. Алӣ Боқиев, ҷойи 3.

Вазни -81 кг:

  1. Ҳақназар Назаров, ҷойи 1;
  2. Оламафрӯз Абдураҳмонов, ҷойи 2;
  3. Ҳамроз Раҷабов, ҷойи 3;
  4. Умар Расулов, ҷойи 3.

Вазни -90 кг:

  1. Ҷаҳонгир Маҷидов, ҷойи 1;
  2. Комрон Карликов, ҷойи 2;
  3. Сабрулло Ҳикматуллоев, ҷойи 3;
  4. Исроил Раҳимов, ҷойи 3.

Вазни -100 кг:

  1. Фирдавс Насимов, ҷойи 1;
  2. Носир Шерхонов, ҷойи 2;
  3. Мансур Раҳмон, ҷойи 3;
  4. Эмомризо Анварзода, ҷойи 3.

Вазни +100 кг:

  1. Хуршед Маҷидов, ҷойи 1;
  2. Толибҷон Тоҳиров, ҷойи 2;
  3. Умед Камолов, ҷойи 3;
  4. Бобоҷон Бобоев, ҷойи 3.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.