Дар Қазоқистон ду тоҷикро дар ташкили пирамидаи молӣ муттаҳам мекунанд

Asia-Plus

Шаҳрвандони Тоҷикистон дар ташкили пирамидаи молиявӣ дар Қазоқистон гумонбар дониста мешаванд.

Бино ба иттилои хабаргузории 24.kz бо истинод ба Кумитаи мониторинги молиявии Вазорати молияи Қазоқистон, онҳо дар панҷ шаҳри ин кишвар фаъолияти ғайриқонуниро роҳандозӣ намудаанд.

Муайян карда шудааст, ки ташкилкунандагони пирамидаи молиявӣ худро намояндагони ширкати хориҷии Unique finance муаррифӣ намуда, ба аҳолӣ пешниҳод мекардаанд, ки пулашонро ба коғазҳои қиматноки ширкатҳои бузурги байнулмилалие чун Pepsi, Nike, Microsoft, Ford, BMW маблағгузорӣ кунанд.

Ба саҳмгузорон фоидаи ҳармоҳа ба андозаи 6% аз маблағи гузошташуда, инчунин 5% аз маблағи шарики нав ҳангоми имзои он ваъда мешуд.

Маблағгузории ҳадди ақал 1000 ҳазор долларро ташкил медод. Амалан ташкилкунандагон пулҳои маблағгузоронро азхуд намуда, ба ивази он ба аҳолӣ саҳмияҳои сохтакоришудаи ширкатҳои маъруфро пешниҳод мекарданд.

Фаъолияти ғайриқонуниро онҳо дар шаҳрҳои Алмаато, Нур-Султон, Чимкент, Актобе ва Уралск ба роҳ монда, айни замон дар ин маврид тафтишоти тосудӣ гузаронида мешавад.

Тибқи маълумоти пешакӣ, пирамидаи молиявиро ду зодаи Тоҷикистон ва як шаҳрванди Қазоқистон ташкил кардаанд. Айни замон яке аз шаҳрвандони Тоҷикистон боздошт ва дигарӣ мавриди ҷустуҷӯ қарор дорад. Узви сеюми гурӯҳ – шаҳрванди Қазоқистон низ боздошт, вале баъдан бо гаравпулӣ раҳо шудааст. Ҷустуҷӯи дигар қаллобони дар ин амал дастдошта идома дорад.

Дар Департаменти тафтишоти иқтисодӣ хабар додаанд, ки то имрӯз зиёни умумии расонида аз ҷониби аъзои пирамидаи молиявии ғайриқонунӣ 100 ҳазор доллар арзёбӣ шуда, 400 нафар бо ариза дар бораи амалҳои қаллобӣ ба мақомоти пулис муроҷиат кардаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...