Дар Қазоқистон ду тоҷикро дар ташкили пирамидаи молӣ муттаҳам мекунанд

Шаҳрвандони Тоҷикистон дар ташкили пирамидаи молиявӣ дар Қазоқистон гумонбар дониста мешаванд. Бино ба иттилои хабаргузории 24.kz бо истинод ба Кумитаи мониторинги молиявии Вазорати молияи Қазоқистон, онҳо дар панҷ шаҳри ин кишвар фаъолияти ғайриқонуниро роҳандозӣ намудаанд. Муайян карда шудааст, ки ташкилкунандагони пирамидаи молиявӣ худро намояндагони ширкати хориҷии Unique finance муаррифӣ намуда, ба аҳолӣ пешниҳод мекардаанд, ки […]

Шаҳрвандони Тоҷикистон дар ташкили пирамидаи молиявӣ дар Қазоқистон гумонбар дониста мешаванд.

Бино ба иттилои хабаргузории 24.kz бо истинод ба Кумитаи мониторинги молиявии Вазорати молияи Қазоқистон, онҳо дар панҷ шаҳри ин кишвар фаъолияти ғайриқонуниро роҳандозӣ намудаанд.

Муайян карда шудааст, ки ташкилкунандагони пирамидаи молиявӣ худро намояндагони ширкати хориҷии Unique finance муаррифӣ намуда, ба аҳолӣ пешниҳод мекардаанд, ки пулашонро ба коғазҳои қиматноки ширкатҳои бузурги байнулмилалие чун Pepsi, Nike, Microsoft, Ford, BMW маблағгузорӣ кунанд.

Ба саҳмгузорон фоидаи ҳармоҳа ба андозаи 6% аз маблағи гузошташуда, инчунин 5% аз маблағи шарики нав ҳангоми имзои он ваъда мешуд.

Маблағгузории ҳадди ақал 1000 ҳазор долларро ташкил медод. Амалан ташкилкунандагон пулҳои маблағгузоронро азхуд намуда, ба ивази он ба аҳолӣ саҳмияҳои сохтакоришудаи ширкатҳои маъруфро пешниҳод мекарданд.

Фаъолияти ғайриқонуниро онҳо дар шаҳрҳои Алмаато, Нур-Султон, Чимкент, Актобе ва Уралск ба роҳ монда, айни замон дар ин маврид тафтишоти тосудӣ гузаронида мешавад.

Тибқи маълумоти пешакӣ, пирамидаи молиявиро ду зодаи Тоҷикистон ва як шаҳрванди Қазоқистон ташкил кардаанд. Айни замон яке аз шаҳрвандони Тоҷикистон боздошт ва дигарӣ мавриди ҷустуҷӯ қарор дорад. Узви сеюми гурӯҳ – шаҳрванди Қазоқистон низ боздошт, вале баъдан бо гаравпулӣ раҳо шудааст. Ҷустуҷӯи дигар қаллобони дар ин амал дастдошта идома дорад.

Дар Департаменти тафтишоти иқтисодӣ хабар додаанд, ки то имрӯз зиёни умумии расонида аз ҷониби аъзои пирамидаи молиявии ғайриқонунӣ 100 ҳазор доллар арзёбӣ шуда, 400 нафар бо ариза дар бораи амалҳои қаллобӣ ба мақомоти пулис муроҷиат кардаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 июни соли 2026

ЧОРАБИНИИ РӮЗ Имрӯз, соати 14:00 дар толори хурди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 60-солагии нашри достони "Мавҷҳои Днепр"-и устод Муъмин Қаноат маҳфили илмиву адабӣ баргузор...

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.