Ҷавони ҳамҷинсгаро: “Орзу дорам аз ин дард раҳо шавам”

Ҷавони тоҷике, ки барои ҳамҷинсгароӣ аз ҷониби ҳамкоронаш лату кӯб карда шуд, дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ки намехоҳад нисбат ба онҳо парвандаи ҷиноӣ боз гардад ва онҳо ҷазо бигиранд. Ба гуфти ин ҷавон, ӯ мехохад озордиҳандагон танҳо зарари молии ба ӯ расидаро ҷуброн кунанд. “Ман намехоҳам, ки онҳо ҷазо гиранд. Ман мехоҳам маблағе, ки барои […]

Ҷавони тоҷике, ки барои ҳамҷинсгароӣ аз ҷониби ҳамкоронаш лату кӯб карда шуд, дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ки намехоҳад нисбат ба онҳо парвандаи ҷиноӣ боз гардад ва онҳо ҷазо бигиранд. Ба гуфти ин ҷавон, ӯ мехохад озордиҳандагон танҳо зарари молии ба ӯ расидаро ҷуброн кунанд.

“Ман намехоҳам, ки онҳо ҷазо гиранд. Ман мехоҳам маблағе, ки барои табобат қарз кардам, ҳамонро барқарор намоянд”.

Ин ҷавони сокини Душанбе, донишҷӯйи яке аз донишгоҳҳои Душанбе аст ва фориғ аз дарс дар яке аз сартарошхонаҳои Душанбе кор мекард. Рӯзи 13 – сентябр ду нафар аз ҳамкорони ин ҷавон, пас аз он ки огаҳ мешаванд ҳамкорашон ҳамҷинсгаро аст ӯро лату кӯб намуда, дар натиҷа ҷоғашро шикастаанд, ки аз ҳуш меравад.

“Баъди ба ҳуш омадан, ҳодисаро ба ҳамкоронам гуфтам, вале онҳо маро дарк намекарданд. Ман ба онҳо фаҳмондам, ки намехоҳам чунин бошам, вале… Ман низ мехоҳам зиндагии осуда ва оилаи солим дошта бошам. Орзуи ман ҳамин аст, ки бас кунам ва ба ин амал даст назанам. Чанд маротиба ба худкушӣ даст задам то аз ин зиндагӣ раҳо ёбам. Шумо фикр мекунед, ки барои ман ин писанд аст? Ин беморӣ аст, чӣ аст нафаҳмидам”, – мегӯяд ин ҷавон.

Баъди ронда шудан аз сартарошхонае, ки кор мекард ин ҷавон тасмими ба пулис муроҷиат карданро нагирифт, чун аз овоза шудан метарсид. Бинобар ин қарор медиҳад, ки  худкушӣ мекунад.

“Соати 12 шаб ба назди пули дарёи Душанбе рафтам ва хостам худкушӣ кунам. Ногаҳон чеҳраи модарам пеши назар омад. Ва танҳо ба хотири ӯ ман ба рақамҳои боварии ВКД занг задам. Онҳо даъвои маро қабул намуда, соати 1 шаб ба шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ рафтам ва аризаамро навиштам. Баъдан ман ва ҳамун ду нафар, ки маро лату кӯб намуданд ба назди нозири минтақавӣ ба ноҳия Фирдавсӣ даъват шудем. Ҷавонон маро гунаҳгор бароварданд. Баъдан барои расидагӣ ба қазия ба Додситонии кулл ва дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон муроҷиат намудам. Аз додситонӣ ҷавоб омад, ки парвандаи ҷинӣ оғоз шуда, дар тафтишоти пешакӣ қарор дорад”.

Ин ҷавон нақл мекунад дар хурдсолӣ, вақте дар синфи 6 таҳсил мекард, ҷавони ҳамсоя ӯро таҷовуз намудааст. Ба гуфти худаш баъди ин ӯ хеле руҳан бемор мешавад. Аммо ин кори шударо ба хонаводаи худ қисса намекунад. Ва имрӯз хеле афсус мехӯрад, ки чаро хонаводаашро аз ин кирдори ҳамсоя огоҳ накард.

“Аз тарсу шарм нагуфтам ба хонавода.  Ҷавони ҳамсоя чанд маротибаи дигар талош ба таҷовуз кард, вале ман гуфтам ба волидонам мегӯям ва ба милитсия месупоранд туро. Ва аз ӯ раҳо шудам. Ман ҳатто ба духтаре ошиқ шуда будам, аммо бо сабаби шароити вазнин зиндагӣ натавонистам оиладор шавам. Мо бе падар ба воя расидем ва зиндагии хеле вазнин доштем”.

Ӯ гуфт, мактабро бо баҳои хубу аъло хатм намуда, донишҷӯйи яке аз донишгоҳҳои шаҳри Душанбе аст. Ва  танҳо дар синни 17-солагӣ дарк намудааст, ки ӯ ҳамҷинсгаро аст ва инро рад низ намекунад.

Ҳамсӯҳбати мо аз он нигаронӣ мекунад, ки шояд баъди расонаӣ шудани ин масъала таҳқир ва бадбинӣ нисбат ба ӯ бештар гардад. Ва шояд хонаводааш аз ӯ дур шаваду ҳатто дигар қабул накунанд. Аммо ӯ мегӯяд, ҳамеша канори онҳо мемонад ва ҳеҷ гоҳ тарки Ватан низ намекунад.

Вале, мегӯяд,-ин ҷавон, орзу дорад аз ин дард раҳо ёбам. “Ман орзу дорам ин дард маро раҳо кунад. Ман намехоҳам ба гуруҳи ҷавонони ҳамҷинсгаро шарик шавам. Ман аз онҳо канор мегардам. Ман дар зиндагӣ танҳо ғамро дидам ва ба ҳеҷ кас инро орзу намекунам. Хеле сахту азоб аст. Ва орзуи ман ҳамин аст, ки зиндагии осуда дошта бошам”. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 июни соли 2026

ЧОРАБИНИИ РӮЗ Имрӯз, соати 14:00 дар толори хурди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 60-солагии нашри достони "Мавҷҳои Днепр"-и устод Муъмин Қаноат маҳфили илмиву адабӣ баргузор...

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.