Тоҷикистон содироти маҳсулотро $475 млн зиёд кард

Давоми 10 моҳи соли 2020 ҳаҷми савдои хориҷии Тоҷикистон ҳудуди 3,8 млрд долларро ташкил дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 3,3% зиёдтар мебошад, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти ҶТ. Касри муомилоти савдои ҷумҳурӣ (афзалияти воридот нисбат ба содирот) қариб 1,2 млрд долларро ташкил дод. Ҳаҷми содирот давоми моҳҳои январ-октябри […]

Давоми 10 моҳи соли 2020 ҳаҷми савдои хориҷии Тоҷикистон ҳудуди 3,8 млрд долларро ташкил дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 3,3% зиёдтар мебошад, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти ҶТ.

Касри муомилоти савдои ҷумҳурӣ (афзалияти воридот нисбат ба содирот) қариб 1,2 млрд долларро ташкил дод.

Ҳаҷми содирот давоми моҳҳои январ-октябри соли равон ба зиёда аз 1,3 млрд доллар баробар шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 30,4%  бештар мебошад.

Молу маҳсулоти Тоҷикистон имсол ба Швейтсария (55% аз ҳаҷми умумӣ), Туркия (13,4% ва Қазоқистон (9,2%) содирот шуд.

Аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар асосан сангу фулузоти қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо (афзоиш 3,1 баробар), инчунин маҳсулоти гуногуни саноатӣ, маҳсулоти тайёри хӯрокворӣ ва маҳсулоти растанӣ интиқол ёфт.

Ҳаҷми воридот тӯли 10 моҳ зиёда аз 2,5 млрд долларро ташкил дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 6,3% (75 млн доллар) камтар мебошад.

Ба Тоҷикистон имсол асосан аз Русия (30,6% аз ҳаҷми умумӣ), Қазоқистон (23,6%) ва Чин (14,8%) молу маҳсулоти гуногун ворид карда шуд.

Шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар ин давра Русия (савдои дуҷониба – $804 млн), Қазоқистон ($713 млн), Швейтсария ($693 млн), Чин ($400 млн), Ӯзбекистон ($272 млн) ва Туркия ($265 млн) дониста шудаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 июни соли 2026

ЧОРАБИНИИ РӮЗ Имрӯз, соати 14:00 дар толори хурди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 60-солагии нашри достони "Мавҷҳои Днепр"-и устод Муъмин Қаноат маҳфили илмиву адабӣ баргузор...

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.