Бозгашт ба асри пеш. Бухориҳои бобоӣ дар баландошёнаҳои Чорухдарон

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Қатъи барқ ё "светкушӣ"-и як моҳи ахир сокинони шаҳраки Чойрухдарони Гулистон (собиқ Қайроққум) дар вилояти Суғдро маҷбур намуд дар баландошёнаҳо бухории бобоӣ насб кунанд.

Ин шаҳрак, тахминан дар 20 километрии маркази маъмурии Суғд шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст. Сокинон  мегӯянд, беш аз як моҳи ахир рӯзона ва гоҳо шабона аз нерӯи барқ маҳруманд. Сардиву бебарқии чанд рӯзи ахир зиндагӣ дар биноҳои баландманзиларо мушкилу тоқатфарсо ва бошандагонашро мутеъи бухории бобоӣ намуд.

 

"Мо чораи дигар надорем, кӯдаконро сармо мезанад"

Муҳайё Ҷӯрабоева, як тан аз сокини Чойрухдарон бо ду фарзандаш дар қабати дуюми яке аз бинои сеошёнагии ин шаҳрак ба сар мебарад. Вай дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, сардиҳои солҳои қаблӣ духтари хурдсолашро ба бемории шуш мубтало кард. Имсол ба дунболи набуди барқ хонаҳояш хунук шуд ва ноилоҷ ба насби бухории бобоӣ дар баландошёна рӯй овард. Муҳайё мегӯяд, як моҳи ахир рӯзона ва гоҳо шабона дар ин шаҳрак аз нерӯи барқ маҳруманд. Аз ин рӯ, маҷбур аст ҳуҷраҳояшро бо бухории бобоӣ гарм кунад.

“Ҳоло барқро хомӯш карда истодаанд, барои ҳамин бе бухории бобоӣ  зиндагӣ дар ҳуҷраи биноҳои бисёрошёна ғайриимкон аст.  Аз соати 08:00-и субҳ то бегоҳии 17:00 ва ё 18:00 рӯзона барқ надорем. Агар ба печка алов накунам, фарзандонам бемор мешаванд. Тариқи печка   ҳуҷраро гарм мекунам ва ҳам чой ҷӯшонидаву хӯрок мепазам.  Баландошёна бароям ба мисли хонаи заминӣ шудааст”.

Вай мегӯяд, дар танҳоӣ ба сар мебарад ва дар рӯзҳои сардӣ фарзандонашро бо ҳезуми аз саҳро ҷамъовардааш гарм мекунад. Долони бинои сеошёна, ки Муҳайё ва чанд тан аз ҳамсоягонаш зиндагӣ доранд, ба анбори шохаҳои ҳезум табдил ёфтааст. Бошандагон мегӯянд, дар ин рӯзҳои сардӣ ва бебарқӣ чораи дигаре  надоранд.

“Сокинони шаҳраки Чорухдарон аксаран дар ин рӯзҳои сардӣ дар баландошёнаҳо аз бухорӣ истифода мебаранд. Дуд кунад ҳам, ҳамсояҳо шикоят намекунанд ва ба ҳам одат кардем. Барқ ҳаст ё не, мо бо бухорӣ  хонаро гарм мекунем. Байни ҳамсояҳо то ба ҳол аз дуди зиёди бухорӣ нофаҳмие ба миён наомадааст”, – мегӯяд, Муҳайё Ҷӯрабоева.

Касе ҳезум надорад, бухории газӣ истифода мекунад

Аммо Дилафрӯз Ҷӯрабоева ҳамсояи Муҳайё ба насбу харидории бухории бобоиву ҳезум маблағ надорад. Дар ин рӯзҳои бебарқӣ ӯ асосан бо дастгоҳи махсус, ки бо газ фаъол мешавад, ҳуҷраҳояшро гарм мекунад. Дар таъмини балони газӣ ба ӯ пайвандонаш кӯмаки молӣ мерасонанд, то кӯдаконаш дар ин фасли сармо бемор нашаванд.

“Як моҳ инҷониб рӯзона барқро мекушанд, барои харидории ҳезуму ангишт пул надорем. Иқтисоди оилавиямон хуб нест ва ҳезуму ангишт низ имсол гарон шудааст. Додарони шавҳарам ва модарам аз сабаби он ки маблағ надорем, дар таъмини балони газӣ кумак мекунанд. Ҳарчанд ин дастгоҳ ҳуҷраро на он қадар гарм нигоҳ медорад, аммо маҷбурем.”

Раиси ҷамоати шаҳраки Чорухдарон Наргис Бердиева дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” кӯтоҳ гуфт,  ки “дар асл насби бухорӣ дар баландошёнаҳо иҷозат нест”, вале ҷузъиёти дигареро шарҳ надод.

Бино ба гуфти сокинони шаҳрак, як моҳи ахир дар пайи набуди барқ мавҷи алоқаи мобилӣ низ рӯзона дастнорас аст ва мушкил тамосу муошират ҳам онҳоро домангир аст.

Сокинон дар ғами зимистону "Барқи тоҷик" дар ғами баҳор

Роҳбарияти Шабакаҳои барқи Суғд ба суоли он, ки “оё маҳдудияти барқ дар рӯзҳои сардӣ бекор мешавад?”, посух надод ва гуфт, бояд бо боло мувофиқа кунад.

Аммо як масъули баландпояи сохтори барқтаъминкунии шимоли Тоҷикистон бе зикри номаш гуфт, ки “ҳоло қисми асосии таъмир анҷом ёфтааст ва хавфи Барқи тоҷик аз камобии нерӯгоҳҳо аст, ки эҳтимол дар аввали баҳор мушкил пеш орад.”

Ӯ илова кард, агар ҳукумат ба як тасмим ояд, бояд бо нақша, ба мисли солҳои қаблӣ меъёр муайян кунем, ки ҳоло чунин супориш нагирифтаанд.

“Агар не то кай ба аҳолӣ маълумоти дақиқ намедиҳанд? Мушкили ҳоло сари он аст, ки шахсони масъул намехоҳанд масъулиятро ба дӯш гиранд. Ҳама ба боло нигоҳ мекунад. Қаблан роҳбар бо вуҷуди пинҳонкорӣ, ҷузъиёти асосии сабабҳои маҳдудияти барқро ба мардум мегуфт. Ҳама ба боло нигоҳ карда истодааст, ки мабодо иштибоҳе накунанд, ки боиси сабукдӯшиашон шавад”. 

Як моҳи ахир дар аксари ноҳияҳо ва баъзе шаҳрҳои Тоҷикистон рӯзона, маъмулан аз соати 08.00 то 17.00 барқ қатъ мешавад. Мардум дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ тавзеҳи инро за ҳукумат ва ширкати "Барқи тоҷик" мехоҳанд. Ширкати "Барқи тоҷик" дар ибтидо мегуфт, ки барои давраи зимистону сардиҳо корҳои таъмирро мегузаронад ва сабаби аслии қатъи барқ ҳамин аст. Вале бархе мутахассисони риштаи барқ ин далели ширкатро нокофӣ ва нодуруст хонданд ва гуфтанд, ки сабаби қатъи барқ ин нест. 

Ҳоло ки зимистон расиду тибқи пешбинии обуҳавошиносон рӯзҳои барфу сардии шадид фаро расид, оё барқ мунтазам дода мешавад ё ба асри гузашта амиқтар баргардему бухориҳои бобоиро фаровон истифода барем? Суолест, ки ҳамарӯза хонандагон аз мо мепурсанд, вале посухашро танҳо "Барқи тоҷик" медонад, ки мо низ мунтазири посухи ин ширкатем!!!

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...