Роҳи Душанбе-Хуҷанд барои ҳаракати мошинҳои боркаш муваққатан баста шуд

Дар роҳи Душанбе-Хуҷанд ҳаракати мошинҳои боркаши ядакдор (присепдор) ва фураҳо (мошинҳои боркаши бузургҳаҷм) муваққтан боздошта шуд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз филиали ширкати IRS. “Бо сабаби боридани барфи зиёд дар ағбаҳои кӯҳӣ, раҳбарияти филиали ширкати IRS тасмим гирифт, ки ҳаракати мошинҳои боркаши ядакдор ва фураҳоро муваққатан манъ кунад. Дигар навъи нақлиёт метавонанд бо ин роҳ […]

Дар роҳи Душанбе-Хуҷанд ҳаракати мошинҳои боркаши ядакдор (присепдор) ва фураҳо (мошинҳои боркаши бузургҳаҷм) муваққтан боздошта шуд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз филиали ширкати IRS.

“Бо сабаби боридани барфи зиёд дар ағбаҳои кӯҳӣ, раҳбарияти филиали ширкати IRS тасмим гирифт, ки ҳаракати мошинҳои боркаши ядакдор ва фураҳоро муваққатан манъ кунад. Дигар навъи нақлиёт метавонанд бо ин роҳ озодона равуо кунанд”, – гуфт сухангӯи ширкат Далер Мерганов.

Ӯ ҳамчунин ба ронандагон тавсия дод, ки бе омодагии ҷиддӣ ва бо воситаҳои нақлиёти бидуни тири пешбар ба роҳ набароянд.

“Аз ронандагон дархост мекунем, ки бидуни тайёрии бояду шояд ба сафар набароянд, то ки дар роҳ на ба худу на ба дигарон мушкил эҷод насозанд”, – изҳор дошт номбурда.

Шаби гузашта корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи душвор шудани ҳаракат дар роҳи Душанбе-Хуҷанд бар асари боришоти зиёди барф хабар дода, лекин баъди чанде маълумот нашр шуд, ки мушкилот бартараф шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз ронандагон дархост намуд, ки ҳангоми сафар бо роҳҳои кӯҳӣ қоидаҳои бехатарӣ ва ҳаракат дар роҳҳоро ҷиддан риоя намуда, дар остонаи вуруди сардиҳо, бахусус ҳангоми дарёфти хабари барфу борон дар кӯҳҳо ҳаракати безарурати худро маҳдуд кунанд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, шаби 19 ноябр ба 20 ноябр пастшавии ҳарорат пешгӯӣ шуда, дар водиҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ то 5-100 хунук, дар вилояти Суғд то 8-130 хунук, дар ноҳияҳои кӯҳӣ то 12-170 хунук шуда, рӯзҳои 19-21 ноябр дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд.

Инчунин ширкати IRS  бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҳушдор медиҳад, ки  дар ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво якбора паст шуда, боридани барф дар назар аст. 

“Аз 18 ноябр то 21 ноябри соли 2020 ҳаво сард шуда, дар водиҳо борон ва он ба барфи тар бадал мешавад, дар баъзе минтақаҳои  доманакӯҳ ва кӯҳҳо барфи шадид меборад. Шамол дар як сония 17-22 метр мевазад. Дамои ҳаво рӯзона дар водиҳо то 6 ° С сард хоҳад буд”, – омадааст дар хабари сомонаи ширкат.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.