Тоҷикистон барфпӯш мешавад

Дар Тоҷикистон пагоҳ, 19 ноябр дар бештари ноҳияҳои ҷумҳурӣ барф борида, дар баъзе ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Хатлон боришот бошиддат ба амал меояд, хабар медиҳад Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ. Гуфта мешавад, ҳарорати ҳаво дар ноҳияҳои водӣ-доманакӯҳӣ шабона ва рӯзона то 0-5 дараҷа хунук мешавад. Дар ноҳияҳои алоҳида шамол аз самти шимолу-ғарб бо шиддатнокии то 13-18м/с […]

Дар Тоҷикистон пагоҳ, 19 ноябр дар бештари ноҳияҳои ҷумҳурӣ барф борида, дар баъзе ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Хатлон боришот бошиддат ба амал меояд, хабар медиҳад Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.

Гуфта мешавад, ҳарорати ҳаво дар ноҳияҳои водӣ-доманакӯҳӣ шабона ва рӯзона то 0-5 дараҷа хунук мешавад. Дар ноҳияҳои алоҳида шамол аз самти шимолу-ғарб бо шиддатнокии то 13-18м/с мевазад. Дар роҳҳои нақлиётгарди ноҳияҳои кӯҳии ҷумҳурӣ пайдо шудани қабати барф ва яхбандӣ аз эҳтимол дур нест.

Ба иттилои манбаъ, шаби 19 ноябр ба 20 ноябр пастшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои водигии вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ то 5-100 хунук, дар вилояти Суғд то 8-130 хунук, дар ноҳияҳои кӯҳӣ то 12-170 хунук мешавад.

Ҳамчунин зикр мегардад, ки рӯзҳои 19-21 ноябр дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.