ИА ба кишварҳои ОМ барои мубориза COVID-19 миллионҳо евро ҷудо кард

Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар пасманзари пандемияи коронавирус барои кишварҳои Осиёи Марказӣ (ОМ) беш аз 134 миллион евро (ҳудуди 159 миллион доллар) ҷудо кард, менависад Бахши хабарии Осиёи Марказӣ. "Ин маблағ барои қонеъ кардани ниёзмандии таъхирнопазири кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла барои тақвияти низомҳои тандурустӣ, обёрӣ, беҳдоштӣ ва ҳалли оқибатҳои иқтисодиву иҷтимоии коронавирус дар ин кишварҳо […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар пасманзари пандемияи коронавирус барои кишварҳои Осиёи Марказӣ (ОМ) беш аз 134 миллион евро (ҳудуди 159 миллион доллар) ҷудо кард, менависад Бахши хабарии Осиёи Марказӣ.

"Ин маблағ барои қонеъ кардани ниёзмандии таъхирнопазири кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла барои тақвияти низомҳои тандурустӣ, обёрӣ, беҳдоштӣ ва ҳалли оқибатҳои иқтисодиву иҷтимоии коронавирус дар ин кишварҳо ҷудо карда шуд", – омадааст дар изҳороте, ки баъди ба анҷом расидани 16-умин ҷаласаи солонаи "ИА – Осиёи Марказӣ" зери раҳбарии намояндаи ИА дар умури хориҷӣ Жозеп Боррел нашр шуд.

Дар изҳорот қайд шудааст, ки иштирокдорони конфронси видеоӣ омодагии худро барои ҳамкорӣ дар самти "тақвияти устуворӣ, шукуфоӣ, сабзгардонӣ ва корҳои барқарорсозӣ пас аз пандемияи коронавирус баён карданд".

Ҳамчунин онҳо ба зарурати пешрафт дар соҳаҳои волоияти қонун, мудирияти демократӣ, ҳуқуқи инсон, бо шумули ҳуқуқҳои асосӣ дар бахши кору баробарии гендерӣ таъкид кардаанд.

Аз ин миқдор ба ҳар кадоме аз кишварҳои минтақа додани чӣ қадар маблағ маълум нест: дар сомонаи ВКХ Тоҷикистон низ чунин маълумот нест.

Иттиҳоди Аврупо моҳи июли соли равон аз тасмими худ барои кумак ба кишварҳои Осиёи Марказӣ хабар дода буд. Иттиҳод гуфт, мехоҳад барои таъмини талаботи кишварҳои минтақа 3 миллион евро ҷудо кунад. Ин пул ба сабуктар кардани оқибатҳои пандемияи коронавирус равона мешавад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.