Идомаи тағйироти кадрӣ: Раиси Кумитаи сохтмон нав шуду Абдуллозода ҷойи Хайриддин Абдураҳимовро гирифт

Бо фармони президенти мамлакат Шерхон Салимзода бо сабаби ба нафақа баромадан аз мансаби директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон озод шуда, Ҳабибулло Воҳидзода ба ин вазифа таъин гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Муртазо Ҳайдарзода аз вазифаи муовини директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон озод карда шуд. Акбар Холиқзода […]

Бо фармони президенти мамлакат Шерхон Салимзода бо сабаби ба нафақа баромадан аз мансаби директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон озод шуда, Ҳабибулло Воҳидзода ба ин вазифа таъин гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Муртазо Ҳайдарзода аз вазифаи муовини директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон озод карда шуд.

Акбар Холиқзода бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, аз вазифаи судяи суди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд озод карда шуд.

Маъруф Муҳаммадзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд озод карда шуда, Фирдавс Шарифзода иҷрокунандаи вазифаи раиси ин шаҳр таъин гардид. Дар навбати худ, Бахтиёр Саидаҳмадзода раиси шаҳри Гулистон таъин карда шуд.

Амирхон Қурбонзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси шаҳри Истаравшани вилояти Суғд озод карда шуда, Адҳам Маъмурзода ба ин мансаб таъин гардид.

Бо қарорҳои ҳукумати кишвар, Ҷамшед Аҳмадзода бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Тоҷикистон озод карда шуда, Маҳмадсаид Зувайдзода раиси нави ин Кумита таъин шуд.

Хайриддин Абдураҳимов бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди ҳукумати Тоҷикистон озод карда шуда, Аҳтам Абдуллозода сардори нави ин ниҳод таъин шуд.

Бо амрҳои президент, Аҳтам Абдуллозода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президент ва Адҳам Маъмурзода низ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини сардори Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи президент озод карда шуданд.

Қобили зикр аст, ки дар иттилои қаблӣ зикр шуда буд, ки директори Агентии зидди фасоди Тоҷикистон Сулаймон Султонзода низ аз мақомаш барканор шудааст. Ҳамчунин хабар дода шуда буд, ки додситони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Раҳмон Умедҷон Нуриддин  муовини аввали Додситони кулли Тоҷикистон таъин шудааст. Ин маълумот алҳол тасдиқи худро наёфт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.